Ҳайати Тоҷикистон дар машваратҳои СААД дар Москва ширкат намуд

Апрель 1, 2021 16:25

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар шаҳри Москва машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ширкат намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Намояндагони кишварҳои узв масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи ҷории Созмонро баррасӣ карда, таваҷҷуҳро ба ҳамкории ҷонибҳо баҳри татбиқи амалии қарорҳои аз ҷониби ниҳодҳои СААД қабулшуда ҷалб карданд. Бо дарназардошти чолишу таҳдидҳои муосири амниятӣ табодули афкор атрофи чораҳои муштараки кишварҳои узв дар муқовимат ба он сурат гирифт.

Дар суханронии М.Ҳусейнзода ба ҷараёни татбиқи пайгиронаи авлавияти раёсати кунунии Тоҷикистон дар СААД ишора шуда, унсурҳои асосии он эълом гардиданд ва масъалаҳои алоҳида, ба вижа таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ зикр шуданд.

                                                                                         АКС аз ВКХ ҶТ

Апрель 1, 2021 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд