Академияи идоракунии давлатӣ ба Мактаб-интернати шаҳри Ҳисор кумак расонид
ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон кормандон, устодон ва донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа Зулфия Аҳмадзода бо мақсади кумак ба ятимон, нафарони имконияташон маҳдуд ва ашхоси камбизоат бо туҳфаҳои хотиравию барномаи рангини фарҳангӣ ба дидорбинии кӯдакони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор рафтанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.
Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Хонандагони мактаб-интернат дар васфи Ватан, ободию озодӣ ва истиқлолу ҳамдилӣ, сулҳу субот шеърҳо қироат намуданд.
Меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои тарбиятгирандагон дидан намуда, ба ҳунари дастии онҳо баҳои баланд доданд.
Зимнан иттилоъ дода шуд, ки Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор дар як баст фаъолият намуда, дар он 316 нафар кӯдаконе, ки ба бемории полиомиелит, фалаҷ, синдроми дауна ва ноқисулақлии дараҷаи миёна гирифторанд, таълиму тарбия мегиранд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ноиби ректор аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва Роҳбарияти Олии мамлакат дар самти дастгирии ятимону бепарасторон ва камбизоатону барҷомондагон ёдовар шуда, иброз намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаи ниёзманд, аз ҷумла ятимону барҷомондагон, шахсони имконияташон маҳдуд ва камбизоатон мавқеи меҳварӣ дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ятим, барҷомонда, шахси имконияташ маҳдуд аз лутфу меҳрубонии падаронаи Пешвои ятимпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бенасиб намонда, онҳо ҳамеша таҳти ҳимоя қарор доранд.
Ятимпарварӣ ва таваҷҷуҳ ба кӯдакони маъюбу бепарастор беҳтарин фазилатҳои инсонӣ буда, дар адабиёти пурғановати миллати мо ба таври мукаммал тавсифу тараннум ёфтаанд. Сарвари давлат дастгирии ятимону бепарасторонро дар меҳвари таваҷҷуҳи хеш қарор дода, бо ҳамин сифати волову хислати накӯ миёни ҷомеа маҳбубияти хос пайдо намудаанд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташон маҳдуд дар партави сиёсати ятимпарваронаи Пешвои муаззами миллат бояд ҳаргиз худро яккаву танҳо ҳис накунанд ва онҳо бояд дар фазои сулҳу оромӣ, бо истифода аз шароиту имконоти фаррохи илмомӯзӣ таҳсил намуда, бо маърифати баланди инсонӣ баҳри ояндаи дурахшони Ватан хизмат намоянд.
Дар ин рӯз аз ҷониби Академия барои тарбиятгирандагони мактаб-интернат хӯрок ташкил карда шуда, ба онҳо инчунин туҳфаҳо ва ба муассиса як адад техникаи заминшудгоркунӣ тақдим гардид. Ҳамзамон аз тарафи санъаткорони шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия барномаи ҷолиби консертӣ манзур карда шуд.
Ҳайати омӯзгорону мураббиёни Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор дар самти беҳдошти шароити зисту зиндагонии кӯдакони маъюбу бемор ва баланд бардоштани сифати таълим саъю кӯшиш намуда истодаанд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» се маротиба тағйиру илова ворид карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 44 маркази таҳлилӣ ва пажӯҳишии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ» баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор зан роҳбари хоҷагии деҳқонӣ аст
Дар Ёвон оид ба нақши волидайн ва омузгор дар таҳкими фарҳанги тарбия ва худшиносии фарзандон ҳамоиш доир шуд
Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2025 натиҷагирӣ гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд






