Ҷаласаи 18-уми Кумитаи низомӣ оид ба масоили рушди ҳамкории ҳарбии кишварҳои узви СПАД доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи 18-уми Кумитаи низомӣ оид ба масоили рушди ҳамкории ҳарбии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) 14 апрел дар Маркази Конгрессҳо ва намоишгоҳи «Патриот», воқеъ дар Кубинкаи наздикии Москва баргузор шуд, хабар медиҳад маркази матбуотии СПАД.
Дар ҷаласа таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳарбӣ, сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия — Муовини якуми Вазири мудофиаи Федератсияи Россия, генерали артиш Валерий Герасимов сардорони ситодҳои генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Ситоди муттаҳидаи СПАД генерал-полковник Анатолий Сидоров ва муовини Дабири кулли СПАД Тоҳир Хайруллоев иштирок карданд.
Дар ҷараёни ҷаласа сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ — муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода ба аъзои Кумитаи ҳарбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти СПАД дар соҳаи ҳарбӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи раёсаташ дар Созмон соли 2021 пешниҳод кардааст, маълумот доданд.
Дар ҷаласа чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти низомӣ дар минтақаҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ муҳокима шуданд. Ситодҳои кулли неруҳои мусаллаҳи кишварҳои СПАД нисбат ба маҷмӯи таҳдидҳо ба амнияти низомӣ фаҳмиши ягона баён дошта, зарурати фаъолияти ҳамоҳангшудаи муштаракро барои безарар гардонидани онҳо тасдиқ карданд.
Муовини Дабири кулли СПАД Тоҳир Хайруллоев зимни сухангӯӣ дар ҷаласаи Кумитаи низомӣ оид ба вазъи амнияти дастаҷамъӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар бораи татбиқи Рӯйхати тадбирҳои иловагӣ, ки бо Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД аз 28 ноябри соли 2019 тасдиқ ва ба коҳиши шиддатнокӣ дар минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Афғонистон нигаронида шудаанд, сухан гуфт.
«Конфронси байналмилалии СПАД ва ҷаласаи Гурӯҳи кории сайёр оид ба Афғонистон баргузор шуданд. Бо мақсади нишон додани омодагии Қӯшунҳои СПАД (Неруҳои дастаҷамъӣ) барои вокуниш ба таҳдидҳои амниятии пайдошаванда соли равон дар Тоҷикистон гузаронидани чаҳор машқи муштараки низомӣ ва махсус пешбинӣ шудааст. Маҷмӯи чорабиниҳои фаврӣ-профилактикӣ таҳти унвони рамзии «Зархарид», амалиёти минтақавии зидди маводи мухаддир «Канал», чораҳо ҷиҳати танзими ҷараёни муҳоҷират ва якчанд тадбирҳои дигар ба нақша гирифта шудаанд», — хабар дод Тоҳир Хайруллоев.
Зикр шуд, ки дар доираи машқи фаврӣ-стратегии «Бародарии ҷангӣ — 2021» гузаронидани чаҳор машқи муштарак, ки минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказиро фаро мегиранд, пешбинӣ шудааст. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон — машқи махсус бо қувваҳо ва воситаҳои таъминоти моддӣ ва техникии Қӯшунҳои (Неруҳои дастаҷамъии) СПАД «Эшелон-2021», машқи махсус бо қувваҳо ва воситаҳои иктишофии «Поиск -2021» ва машқи муштарак бо неруҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии (НДВФ) СПАД «Ҳамкории мутақобила-2021» доир мешаванд. Дар ҳудуди Федератсияи Россия — машқи муштарак бо неруҳои посдори сулҳи СПАД «Бародарии вайроннашаванда-2021».
Дар ҷараёни ин машқҳо коркард ва такмили масъалаҳои истифодаи пай дар пайи воҳидҳои Қӯшунҳои СПАД (Неруҳои дастаҷамъӣ), шурӯъ аз амалиёти муштарак ҷиҳати маҳдуд намудани низои мусаллаҳонаи марзӣ то танзими баъдиҷангӣ дар ҳудудҳои давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.
Раиси Кумитаи низомии СПАД, генерали артиш Валерий Герасимов натиҷаҳои чорабиниро ҷамъбаст ва зикр кард, ки дар ҷараёни ҷаласа самтҳои фаъолияти минбаъда ҷиҳати такмил додани ҷузъи низомии СПАД муайян карда шуданд. Онҳо ба фаъолияти Маркази вокуниши буҳронии СПАД, таъсиси воҳиди муштараки муҳофизати радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ ва таъминоти тиббӣ, фаъолияти ташкилоти заминавии таълимӣ ва методӣ оид ба тайёр кардани ҳайати шахсии Неруҳои посдори сулҳи СПАД ва мутахассисон дар соҳаи амнияти иттилоотӣ дахл доранд.








Машқҳои ҳарбии муштараки «Бародарии шикастнопазир-2025», «Монеа-2025» ва «Иттиҳоди зиддитеррористӣ-2025» анҷом ёфтанд
Дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои ИДМ «Иттиҳод-Антитеррор-2025 баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси сеюми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ баргузор гардид
Машқҳои неруҳои дастҷамъии посдори сулҳи СААД барои аз байн бурдани манбаъҳои таҳдидҳои биологӣ анҷом ёфт
«АХЛОҚ ВА ТАРТИБОТ». Дар Душанбе фаъолияти 17 маркази дилхушӣ қатъ карда шуд
Дар Самарқанд нахустин мулоқоти вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон 86 фоиз иҷро гардид
Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии ИДМ амалияи татбиқи шартномаҳо оид ба ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Прокуророни Тоҷикистон ва Узбекистон масоили мубориза бо ҷиноятҳои фаромарзӣ ва муташаккилро баррасӣ намуданд
Машқҳои муштараки неруҳои сулҳҷӯёнаи кишварҳои СААД бо номи «Бародарии шикастнопазир-2025» оғоз шуданд
Байни Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории мақомоти прокуратураҳои ҳарбӣ ду Созишнома ба имзо расид
Дар Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» гузаронида мешавад






