Ҳамкории Тоҷикистон ва Япония дар соҳаи тандурустӣ густариши бештар меёбад
ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода бо намояндагони Сафорати Япония дар Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон мулоқот намуд.
Зулфия Абдусаматзода аснои мулоқот аз номи роҳбарияти вазорат ба кишвари Япония барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо ҳамкории ду мамлакат дар бисёр бахшҳо, хосатан дар соҳаи тандурустӣ дар сатҳи хуб қарор дорад.
Зикр гардид, ки Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон яке аз шарикони стратегии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ҳамзамон дар мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати густариш додани ҳамкорӣ ҳавасмандии хешро иброз доштанд.
АКС: сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд






