Барои воридот ва паҳн кардани долларҳои қалбакӣ дар Душанбе 4 нафар боздошт гардиданд
ДУШАНБЕ, 26.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи коркарди маълумоти фаврӣ аз тарафи кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ба муомилот баровардани пули қалбакӣ ва қоғазҳои қиматнок, ки омили таъсиррасонанда ба рушди бонизоми иқтисоди миллӣ маҳсуб мешавад, дар ҳудуди пойтахт як ҳолати ҷиноят ошкор гардид. Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят 4 нафар шаҳрвандон- Искандаров Сулаймон Сайвалиевич, соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи деҳаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ; Гулаҳмадов Искандар Исмонович, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи кӯчаи Н. Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ; Шукуров Фирдавс Меъроҷович, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи кӯчаи П.Сулаймонии ноҳияи Сино; Эгамқулов Сорбон Хуршедович, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи кӯчаи А.Деҳотии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷуӣ аз дастгиршудагон 26 адад купюраҳои 100-доллара ва 66 адад купюраҳои 50-доллара, ки дар маҷмӯъ 5 ҳазору 900 долларро ташкил медиҳанд, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира шуданд. Тибқи ташхис, асъори мусодирашуда қалбакӣ буда, бо истифода аз дастгоҳи чопии ранга омода гардидаанд.
Ҳамчунин дар натиҷаи тафтиши пешакӣ муайян гардид, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дастгиршуда Сулаймон Искандаров 14 ҳазор доллар купюраҳои қалбакиро ба хотири ба муомилот баровардан қабул намуда, ба рафиқаш Искандар Гулаҳмадов додааст. Гулаҳмадов Искандар ба хотири амалӣ сохтани ин кирдори ҷиноятӣ рафиқонаш Шукуров Фирдавс ва Эгамқулов Сорбонро ҷалб намуда, як қисми онро ба хориҷи кишвар ва қисми дагарашро, ки мусодира шуд, дар марказҳои дилхушӣ ва дигар маконҳо ба муомилот баровардаанд.
Тавре аз нишондоди дастгиршудагон бармеояд, гумонбаршудагон асъори қалбакиро аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудаанд, ки аз рӯи шакл, ҳаҷм ва дигар сифатҳо ба доллари аслӣ монандӣ дошта, қалбакӣ будани онро муайян кардан душвор аст.
Айни ҳол барои ба муомилот баровардани пули қалбакӣ нисбат ба дастгиршудагон бо моддаи 281 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
АКС аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






