Бонувони баскетболбози Донишгоҳи давлатии Данғара дар мусобиқаи вилоятӣ соҳиби ҷои дуюм шуданд

Апрель 16, 2021 15:32

ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 15  апрел бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон байни донишҷӯдухтарони мактабҳои олии вилояти Хатлон мусобиқаи баскетбол баргузор гардид. Тавре  ёвари ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад  Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод,  дар ин мусобиқа дастаи Донишгоҳи давлатии Данғара ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф  гардид.

Дар мусобиқаи  баскетбол, ки  бо  иқдоми Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва  бо мақсади ба варзиш ҷалб намудани занону духтарон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар вилоят сурат гирифт, 5 даста бо ҳам рақобат намуда, дастаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷойи аввал, дастаи Донишгоҳи давлатии Данғара ҷойи дуюм ва дастаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб сазовори ҷойи сеюм гардида,    бо диплом ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд.

Мақсад ва вазифаи мусобиқа- ин дар рӯҳияи баланд истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани ҷавондухтарон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқ намудани варзиши баскетбол ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон мебошад.

Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои мактабҳои олии вилояти Хатлон иштирок варзида, ҳайати дастаҳо аз 10 нафар варзишгар ва 1 мураббӣ иборат буд.

Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии баскетбол дар шакли олимпӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни баргузории он масъулин изҳор доштанд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки  сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ равона шудааст.

Апрель 16, 2021 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст