БУЗУРГИИ САНЪАТ ДАР МУСИҚӢ ВОЗЕҲТАР ИФОДА МЕЁБАД. Дар Душанбе консерти ғайриодӣ баргузор хоҳад шуд, ки ташкили онро расо даҳ сол пеш Пешвои миллат шахсан пешниҳод карда буданд

Апрель 7, 2021 08:58

ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АКМИТ «Ховар»/. 8 апрел дар толори Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода консерти ғайриодӣ баргузор мешавад: бори нахуст ягона арғунуни азим дар Тоҷикистон, ҳам танҳо ва ҳам якҷо бо фортепиано, ғижжак ва ансамбли овозхонӣ садо хоҳад дод. Шоҳкориҳои мусиқии бостонӣ барои арғунун ва асарҳои аслии муаллифони муосир иҷро карда мешаванд. Ҳамин тариқ, таърихи қадим, қабати ғании фарҳангии миллӣ ва технологияҳои муосири асри XXI ба як воҳиди кулл васл мешаванд!

Роҳбари хор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Холаҳмад МАҶИДОВ, ки дар тамрини нахустини консерт ҳузур дошт, дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» чунин иброз намуд:

— Аз ин шурӯъ мекунам, ки дар Тоҷикистон ягона арғунуни истеҳсоли ширкати чехии «Rieger-Kloss», асбоби мусиқии нафасии клавишдор, ки   аз найчаҳои сершумор иборат мебошад ва дар онҳо ҳангоми тарокуми ҳаво тавассути саночҳо садоҳо ба вуҷуд меоянд, дар Донишкадаи санъати ба номи М.Турсунзода аст ва онро бисёр қадрдонӣ мекунанд. Ва на танҳо қадрдонӣ мекунанд, балки бар он мекӯшанд, ки зарфиятҳои онро то ҳадди имкон васеътар истифода баранд.

Холаҳмад Маҷидов

Арғунун, ки соли 1977 оварда ва дар толори донишкада насб шуда буд, он замонҳо қариб ки дар Осиёи Марказӣ ягона буд. Вале қариб 20 сол онро истифода намекарданд, то тармим шудан муваққатан мавқуф гузошта шуда буд. Ва соли 2009 бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тармим ва таҷдиди толори арғунун 1 млн сомонӣ ҷудо карда шуд.

Барои тармими ин асбоб чаҳор мутахассиси ширкати чехии “Rieger-Kloss” даъват шуда буданд. Қариб 70% ин асбоби нодир тармим карда шуд ва барои танзими механизмҳои арғунун компютер насб гардид. Акнун арғунун ба тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад ва бузургтарин асбоби таҷдидшуда дар минтақа аст.

Таҷдиди толор низ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони чех сурат гирифт ва он ягона толори консертӣ дар кишвар аст, ки дар он тамоми асбоб бидуни пайваст кардан ба микрофон садо медиҳанд. Толор дорои 350 ҷои нишаст аст.

Ва акнун арғунуни нодир пас аз тармим дубора ба наво омад. 26 июни соли 2011 дар доираи ифтитоҳи Фестивали байналмилалии мусиқии арғунун дар Донишкадаи санъати ба номи М.Турсунзода бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавре ба ҳама маълум аст, ҳамеша ба рушди санъат, аз ҷумла мусиқӣ аҳамияти калон медиҳанд, маросими муаррифии арғунун ва толори консертӣ баргузор гардид. Сарвари давлат ба ректори онвақтаи донишкада Аслиддин Низомов калиди рамзии ин арғунунро супориданд.

Ба муносибати оғози Фестивали байналмилалии мусиқии арғунун ва Рӯзи ваҳдати миллии  Тоҷикистон ба меҳмонон консерти калони идона пешкаш карда шуд, ки дар барномаи он сурудҳо, оҳангҳои тоҷикӣ дар иҷрои оркестри асбобҳои миллии донишҷӯён садо доданд ва инчунин онҳо рақсҳои тамоми минтақаҳои кишварро иҷро карданд. Дар консерт арғунуннавозон ва пианинонавозони машҳури Россия баромад намуда, асарҳои бастакорони бузурги хориҷӣ — Бах, Гендел, Глюкро иҷро карданд. Ба маросими муаррифии арғунун  инчунин мутахассиси арғунунҳо аз ширкати машҳури чехии «Ригер-Клосс» К. Рене, насбкунандаи арғунун дар ДДСТ ба номи М. Турсунзода даъват шуда буд.

Ва маҳз дар ҳамин рӯзи хотирмон Сарвари давлати мо, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат ва тавсия доданд, ки ҳангоми иҷрои асарҳои мусиқӣ ба садои арғунун асбобҳои дигар, ба монанди фортепиано, ғижжак ва порчаҳои вокалӣ бо хор ҳамроҳ шаванд. Умуман, тавре ки дар кишварҳои пешрафтаи Аврупо ин кор сурат мегирад.

Мутахассисон бо иштироки истеъдодҳои ҷавон, бо ташаббус ва роҳбарии ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ талоши зиёде ба харҷ доданд ва супоришҳои Сарвари давлатро иҷро карданд. Мо дар ҷараёни тамрини нахустин ба ин боварӣ ҳосил намудем. Аз ҳама муҳим ин аст, ки навоҳои мафтункунандаи бисёр асбобҳои мусиқӣ, мусиқии арғунун бо ҳамроҳии фортепиано, ғижжак ва иштироки хор, асарҳои романтикии бастакорони мухталиф, даврҳо ва услубҳо — ин навоварӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки, то ҷое ки ман медонам, дар  минтақа низ мебошад. Дар ҳамовозӣ бо «шоҳи асбобҳо — арғунун»  асбобҳои дигар садо медиҳанд ва сарояндагони машҳур ҳунар менамоянд. Ҳама атрофро мусиқӣ фаро мегирад ва қалб аз шодӣ саршор мешавад. Ин чиз пештар набуд. Ва ман бори дигар ба завқи баланди эстетикии Президенти муҳтарам боварӣ ҳосил намудам.

Ман, пас аз хатми Консерваторияи ба номи Мухтор Ашрафӣ дар Тошканд, чанд сол ба ҳайси роҳбари калони хор ва баъдан директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ кор мекардам, бевосита дар ташкил, омодасозӣ, қабул ва супоридани бисёр консертҳо, операҳо ва намоишҳо, ки дар онҳо барои хурсандии тамошобинон мусиқии классикӣ, опера ва халқӣ садо медод, иштирок мекардам. Бидуни хоксории сохта мегӯям ва ҳамтоҳо ва ҳамкасбонам инро тасдиқ мекунанд, ки ман дар ин самт таҷрибаи муайяне дорам. Тавре ки дар зарбулмасали тоҷикӣ омадааст, “мӯи мо дар осиёб сафед нашудааст”.

Ва ҳоло, рости гапро мегӯям, ман, ҳамчун мутахассиси касбӣ, дар ҳаёти худ, чунин чорабиниҳоро борҳо дидаам, аммо дер боз чунин таассуроти қавӣ ва дурахшон ба ман даст надода буд ва чунин лаззату ҳаловат набурда будам. Боварӣ дорам, ки консерти дарпешистода бисёр тамошобинон, донандагони санъати баландро ҷамъ меоварад ва шод хоҳад кард ва ин на танҳо дар мусиқӣ, балки дар тамоми ҳаёти фарҳангии кишвар рӯйдоди бузург хоҳад буд.

Ба назари ман барномаи консертӣ ғанӣ ва рангоранг аст. Моро баромадҳо ва навозиши моҳиронаи асбоби мусиқӣ дар иҷрои донишҷӯи Академияи мусиқии Гнессин Зарнигор Набиева, хонандаи синфи 10-уми мактаби мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ Бежан Ҳакимов, Некрӯз Ҳамидов, Фирӯз Комилов ва дигарон мутаассир намуд. Тамошобинон ҳар як баромади хорро таҳти роҳбарии Пайрав Холов бо кафкӯбӣ пешвоз мегирифтанд. Кантатаи хор, ки мусиқии онро шарикдарсам дар консерватория Мустафо Бафоев эҷод кардааст ва шеърҳоро Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим навиштааст, ба ман хеле хушоянд буд.

Вақте ки инро тамошо мекунӣ, садои форами мусиқиро мешунавӣ, ҳатто рӯҳ шод ва дил аз ҳунари истеъдодҳои ҷавон, ки сарзамини тоҷикон аз онҳо ғанӣ мебошад, ба ваҷд меояд.

Гётеи бузург ҳазор маротиба ҳақ аст, ки гуфта буд: «Бузургии санъат дар мусиқӣ возеҳтар ифода меёбад».

                      ДАР АКСИ БОЛО: арғунун, Акси: YouTube

Апрель 7, 2021 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад