Вазири нақлиёт бо муовини директори Депортаменти инфрасохтори Агентии ҳамкории байналмилалии Ҳукумати Япония (JICA) мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо истифодаи 105 миллион доллари ИМА маблағҳои грантии Ҳукумати Япония то имрӯз шаш лоиҳаи бунёду навсозии роҳҳо ва таҳкимбахшии иқтидори техникии муасисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард, аз ҷумла лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои мошингарди Дӯстӣ –Панҷи Поён (марҳилаҳои 1 ва 2), Бохтар –Дӯстӣ (марҳилаҳои 1 ва 2), хариди техникаю таҷҳизот барои муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, минтақаи Ҳисор, вилояти Суғду минтақаи Кӯлоб амалӣ гардид, ки дар натиҷа 87,3 километр роҳи мошингарди байнамилалии ҷавобгӯ ба талаботи муосир навсозӣ шуда, ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо 333 техника ва таҷҳизоти пуриқтидору зарурӣ дастрас гардид.
Ин матлабро вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим 12 апрели соли равон зимни мулоқот бо муовини директори Депортаменти инфрасохтори Агентии ҳамкории байналмилалии Ҳукумати Япония (JICA) ҷаноби Коизуми Хироюки баён намуд.
Тавре аз вазорати нақлиёти мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқоти мазкур масъалаи ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония, аз ҷумла Агентии ҳамкории байналмилалии Ҳукумати Япония (JICA) марбут ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мулоқот ҳамчунин муовини вазири нақлиёт Шуҷоат Сироҷзода, роҳбари Намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҳукумати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мунео Такасака, масъул оид ба лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт Томишиге Хироюки ва дигар кормандони масъули вазорат иштирок намуданд.
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим зикр намуд, ки ҳамкории судманди вазорат бо Агентии ҳамкории байналмилалии Ҳукумати Япония (JICA) минбаъд низ густариш ёфта, айни ҳол амалӣ намудани якчанд лоиҳаи барои соҳа муҳим рӯи кор омадаанд.
«Аз ҷумла, лоиҳаи «Тақвияти иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии пулҳо дар Тоҷикистон», ки татбиқи он аз 1 апрел соли равон оғоз гардид, барои рушди соҳа басо муҳим аст»,-афзуд Азим Иброҳим.
Намояндагони Ҳукумати Япония густариши ҳамкории судманди минбаъдаро бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо аз қатори афзалиятҳои аввалиндараҷа барои фаъолият дар солҳои минбаъда маънидод намуд.
«Татбиқи лоиҳаи мазкур низ давоми мантиқии ҳамкории судманди миёни ду давлат мебошад, ки бо сифати хуб ва дар муҳлати муайянгардида анҷом хоҳад ёфт. Дар татбиқи лоиҳаи мазкур бо КВД «ПЛИН» (Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ) ҳамкорӣ хоҳем кард»,-таъкид намуданд Намояндагони Ҳукумати Япония.








БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






