Дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нишондиҳандаҳои омории кори нақлиёти автомобилӣ тавассути роҳхату борхат, танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, ки таҳти раёсати раиси Комиссия- Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим доир гардид, баррасӣ шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласаи Комиссия намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, ташкилоти нақлиёти автомобилӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва интиқолдиҳандагон иштирок намуда, доир ба масъалаҳои нишондиҳандаҳои омории кори нақлиёти автомобилӣ тавассути роҳхату борхат, танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт ибрози назар намуданд.
Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо мақсади баррасии пешниҳодҳои марбут ба амалисозии рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ, баланд бардоштани сатҳи самаранокӣ ва мукаммалгардонии усулҳои хоҷагидорӣ, ҳифзи манфиатҳои ташкилоти нақлиёти автомобилӣ ва интиқолдиҳандагон таъсис дода шуда, фаъолияти он доимоамалкунанда ва мақоми ҳамоҳангсоз ва дастаҷамъӣ мебошад.
Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ мутобиқи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.
АКСҲО аз АМИТ «Ховар» ва Вазорати нақлиёти ҶТ









Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






