Дар доираи Иҷлосияи 64-юми Комиссияи СММ маҷаллаи «Шарҳи вазъи назорати маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи Иҷлосияи 64-юми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии канории маҷозӣ доир карда шуд, ки дар он маҷаллаи «Шарҳи вазъи назорати маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020», ки ҳамасола таҳия ва нашр мегардад, аз ҷониби Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода муаррифӣ карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷаласаи мазкур роҳбарон ва ҳайатҳои мақомоти дахлдори кишварҳои аъзои СММ, ташкилоти байналмилалӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тариқи онлайн ширкат варзиданд.
Дар кори он Роҳбари намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашитта Миттал ба ҳайси модератор иштирок намуда, масъалаи татбиқи барномаҳои зиддимухаддиротии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткориро дар Тоҷикистон мусбат арзёбӣ намуд.
Диққати иштирокдорон ба мавзӯъҳои тамоюлҳои асосии вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва минтақа, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ дар самти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии нашъамандӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, назорати маводи нашъаовар, мустаҳкам намудани Сарҳади давлатӣ, гузаронидани амалиёти муштараки зиддимухаддиротӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкории байналмилалӣ, амалисозии барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои зиддимухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуд.
Маҷаллаи мазкур маводи илмию таҳлилӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати инъикос намудани сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кумаки амалӣ мерасонад.
Муаррифии маҷаллаи мазкур дар иҷлосия баҳри сиёсати пешгирифтаи зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила ҷалб намудани кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба ҳалли мушкилоти маводи нашъаовар дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Дар хотимаи иҷлосия иштирокчиён бо саволҳо муроҷиат намуда, аз ҷониби Директори Агентӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Ҳамчунин дар ҳошияи иҷлосияи мазкур Ҳабибулло Воҳидзода дар чорабиниҳои канории Ӯзбекистон, Туркманистон ва Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ иштирок карда, сухан гуфт.








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






