Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон форуми саноатӣ баргузор гардид

Апрель 24, 2021 17:01

ДУШАНБЕ, 24.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 15-умин солгарди таъсисёбии донишкада таҳти унвони «Қадамҳои устувор баҳри рушди саноати миллӣ» форуми саноатӣ баргузор гардид. Дар кори он ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ, намояндагони сафоратҳои муқими Тоҷикистон ва ректорони донишгоҳу донишкадаҳо ширкат варзиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишкадаи мазкур.

Дар форум мушкилоти асосии соҳа ва омилҳои рушди воқеии саноат бо дарназардошти самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Форумро нахуст ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, тазаккур дод, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чаҳоруми миллӣ эълон гардидааст ва дар ин росто мо олимон ва мутахассисонро низ мебояд фаъолона саҳмгузорӣ намоем.

Ҳамчунин намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав низ суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоили мавҷудаи саноатӣ ҷалб карданд.

Дар кори форум, ки аз шаш бахш иборат буд, намояндагони корхонаҳои саноатӣ, олимон ва академикҳо роҷеъ ба ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи саноат изҳори ақида намуданд.

Бояд гуфт, ки форуми мазкур тавонист олимон, академикҳо ва намояндагони бахши саноатро барои ҳалли мушкилот ва бозкӯшои намудани муаммои мавҷуда ҷамъ оварад.

 

ДАР АКС: бинои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон.  Акси АМИТ «Ховар»

Апрель 24, 2021 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд