Дар Душанбе банақшагирии амалиёти зерминтақавии зиддимухаддиротӣ бо номи рамзии «Канал-Гранитний бастион» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба ташкили амалиёти зиддимухаддиротӣ ва дигар самтҳои фаъолият дар доираи ваколатҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СААД баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории ҷаласаи мазкур аз коркарду банақшагирии амалиёти зерминтақавии зиддимухаддиротӣ бо номи рамзии «Канал-Гранитний бастион» ва дигар чорабиниҳои имсол банақшагирифташуда иборат мебошад.
Дар кори ҷаласа, ки дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид, намояндагони хадамоти зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи СААД иштирок намуданд.
Ҷаласаи мазкурро муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд.
Дар ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои ҷойгиршавии Ситоди ҳамоҳангсозии байналмилалии амалиёти мазкурро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Инчунин дар ҷаласа оид ба хусусияти ташаккули вазъи маводи нашъаовар дар давраи соли 2020 ва семоҳаи аввали соли 2021 мубодилаи афкор сурат гирифт.
Намояндагони давлатҳои аъзои СААД таҷрибаи пешқадами фаъолият дар шароити авҷ гирифтани вазъи эпидемиологии вобаста ба паҳншавии сирояти коронавируси “COVID-19”-ро мавриди омӯзиш қарор доданд.
Дар ҷаласа ҷониби Россия оид ба тайёрӣ ҷиҳати баргузории амалиёти зерминтақавӣ бо унвони “Канал-Невский шит” бо ҷойгиршавии ситоди ҳамоҳангсозӣ дар Россия ба иштирокчиён маълумот пешниҳод намуд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи 23-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СААД, банақшагирии гузаронидани марҳилаҳои фаъоли амалиёти “Канал” дар соли 2022, бо сохторҳои қувваҳои таъйиноти махсуси Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии СААД баргузории машқҳои махсуси тактикӣ зери унвони “Гром-2021” дар Арманистон баррасӣ гардиданд.










Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






