Дар хоҷагиҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишти чигит оғоз ёфт

Апрель 13, 2021 09:12

ХУҶАНД, 13.04.04 /AMIT «Ховар»/. Дар саҳроҳои ҳафт ноҳияи пахтакори вилояти Суғд корҳои кишту кори баҳорӣ ҳар рӯз суръат мегиранд.

Бобоҷон Ғафуров яке аз ноҳияҳои калонтарин пахтакорӣ мебошад. Интизор меравад, ки соли равон дар ин ҷо дар майдони беш аз 8 ҳазор гектар чигит кишт шавад.

Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи кишоварзии дастгоҳи ҳукумати ноҳия хабар доданд, 12 апрел бо иштироки раиси ноҳия, собиқадорони меҳнат ва куҳансолон дар саҳроҳои хоҷагиҳои пахтакори ноҳия — Унҷӣ, Замини нав ва ба номи Додоҷон Набиев, Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаев кишти чигит оғоз карда шуд.

Ба гуфтаи раиси ҶСК ба номи С.Урунхоҷаев Азамат Қодиров, имсол деҳқонон дар қатори навъи тухмии воридшудаи «Флеш», инчунин навъҳои серҳосили маҳаллии «Хуҷанд-67», «Неъмат» ва «Дӯстӣ» кишт мекунанд. Кишоварзон тамоми меъёрҳои агротехникиро риоя намуда, ҳосили хубу фаровон интизоранд.

Дар хоҷагӣ 2700 га замини корам мавҷуд аст, ки 1700 гектари он барои кишти пунбадона ҷудо карда шудааст.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 13, 2021 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид