Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

Апрель 27, 2021 14:33

ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон таҳти унвони «Дурнамои фаъолият ва ҳамкории Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон» суҳбати «мизи мудаввар» баргузор гардид.

Тавре аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш муовини Котиби генералии СҲШ, шарикони Марказ, аз ҷумла Кумитаи чинӣ оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ, Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон, Платформаи ҷавонони СҲШ SCOLAR Network, намояндагони сафоратҳои давлатҳои узви СҲШ ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Мизи мудавварро  директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «тибқи муқаррароти СҲШ, соли 2021 раёсат дар созмон аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон гузашт, ки он ба санаи таърихӣ –  20 — солагии таъсиси СҲШ рост меояд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи созмон буда, дар рушду равнақи он саҳми босазо дорад. Дар мувофиқа бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди ҳамоҳангсози самтҳои фаъолияти СҲШ таъсис гардид. Маркази мазкур ташкилоти навбунёд буда, имрӯз дар марҳилаи ташаккул ва рушд қарор дорад».

Зикр шуд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти самаранок ва рисидан ба мақсадҳои дар назди худ гузошта Марказ дурнамои рушд ва фаъолияти 5-соларо таҳия намуда истодааст. Мутобиқи он Марказ чорабиниҳоро дар самти рушди дипломатияи мардумӣ, маориф, илм ва фарҳанг, ташвиқу тарғиби фаъолияти СҲШ ва чорабиниҳои Марказ ба нақша гирифтааст.

Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳо марбут ба самтҳои фаъолияти Марказ, ҳамкории марказ бо шарикони он, васеъ намудани доираи шарикон, коркарди лоиҳаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкорӣ  баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш миёни Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ва Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки санади мазкур заминаи устувори ҳамкории минбаъдаи ҷонибҳо хоҳад шуд.

Таъкид гашт, ки ин созмони бонуфуз соли 1996 дар ҳайати ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия бо номи Панҷгонаи Шанхай таъсис ёфт. Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Панҷгонаи Шанхай ва баъдтар Созмони ҳамкории Шанхай басо назаррас аст.

Айни замон СҲШ аз 8 давлати аъзо, чаҳор давлати нозир (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Беларус, Муғулистон) ва 6 давлати шарикони мусоҳибавӣ (ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Туркия, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка) иборат мебошад.

Масоҳати умумии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай тақрибан 34,3 миллион километри мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 3,6 миллиард нафар аст, ки 43,8 дарсади аҳолии сайёраи Заминро ташкил медиҳанд.

Дар қисмати ниҳоии мизи мудаввар якчанд пешниҳодҳо оид ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак ва лоиҳаҳо пешниҳод гардиданд.

АКСҲО аз Академияи идоракунии давлатӣ

Апрель 27, 2021 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Пекин дар мавзуи «Бехатарии экологӣ дар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе оид ба густариши муколамаи фарҳангҳо, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар «Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай» ҳамоиш доир шуд
Дар Созмони ҳамкории Шанхай Соли экология оғоз гардид
Ба фаъолияти Котиботи созмони ҳамкории Шанхай 20 сол пур шуд
Марафони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай дар Чин баргузор шуд
Забоншиносони тоҷик дар Конгресси III байналмилалии «Сиёсати забонии давлатҳои ИДМ» иштирок менамоянд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди СҲШ» конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди Созмони ҳамкории Шанхай» ҳамоиш доир мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян мулоқот намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Ҷалил Аббос Ҷелонӣ мулоқот намуд