Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ зиёда аз 60 фоизро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҳафтае сипарӣ гардида бошад ҳам, иҷрои нақша то ин дам дар ҷумҳурӣ зиёда аз 60 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат Фаридун Маҳмадализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Мавсуф оид ба ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гузориш дода, зикр кард, ки аз якуми апрел бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд. Ин аллакай чорумин даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аст, ки ин вилоят иҷрои нақшаро пеш аз муҳлат анҷом медиҳад.
Фаридун Маҳмадализода иброз дошт, ки дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат гусели сарбозони ояндаи Ватан дар шаҳри Душанбе низ муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ идома дошта, масъулини мақомоти давлатии вобаста ба даъват дар самти гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ айни ҳол пешсаф мебошанд. Аз байни чаҳор ноҳияи пойтахт аввалин шуда, ноҳияи Исмоили Сомонӣ нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расонид ва иҷрои он дар шаҳри Душанбе зиёда аз 80 фоизро ташкил медиҳад.
-Давоми як ҳафтаи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору Лахш аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аллакай гузориш доданд ва иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то имрӯз ба 79 фоиз баробар мебошад,-гуфт мавсуф.
Фаридун Маҳмадализода иброз дошт, ки натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи даъватӣ дар вилояти Хатлон аст, ки ноҳияҳои Носири Хисрав ва Шамсиддини Шоҳин даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расониданд ва иҷрои нақша дар ин вилоят 50 фоизро дар бар мегирад.
Маъракаи даъват ва гусели муҳофизони ояндаи Ватан давоми 7 рӯз дар вилояти Суғд хуб ҷараён дошта, иҷрои нақша 45 фоизро ташкил дод. Масъулини мақомоти давлатии вобаста ба ин маърака дар ноҳияи Шаҳристон иҷрои нақшаро аллакай таъмин намуданд.
-Дар маҷмӯъ, шурӯъ аз якуми апрели соли равон иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ давоми як ҳафта дар ҷумҳурӣ зиёда аз 60 фоизро ташкил медиҳад.
Омилҳои пеш аз муҳлат анҷом додани нақшаи даъват дар ҷумҳурӣ, агар аз як тараф ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Қувваҳои мусаллаҳ вобастагӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар- ин зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати Ватан раванда ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ низ мебошад. Зеро дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо мардум ҳамкории зич ташкилу ба роҳ мемонанд, дар чунин минтақаҳо дар самти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ монеаву мушкилот кам ба назар мерасанд,-афзуд Фаридун Маҳмадализода.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, онҳо мисли солҳои пешин барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд. Илова бар ин, дар даврони истиқлоли давлатӣ имрӯз дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми шароити хизмативу маишӣ ва таълимӣ муҳайё гардида, шаҳрвандон имкон доранд дар фазои сулҳу суботи комил ва дар Ватани азизи худ хизмати пуршарафи сарбозиро адо намоянд.








Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст
ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?






