Дар Тошканд ҳамоиши занҳои роҳбари кишварҳои СҲШ баргузор мешавад. Ҳилолбӣ Қурбонзода бо сухани ифтитоҳӣ ба иштирокчиён муроҷиат мекунад

Апрель 6, 2021 12:01

ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатияи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар Тошканд пагоҳ, 7 апрел, дар шакли видеоконфронс ҳамоиши занони роҳбари давлатҳои аъзои СҲШ дар мавзӯи «Баланд бардоштани нақши занон дар таъмини рушди устувор» баргузор мешавад. Намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он иштирок ва суханронӣ мекунанд.

Роҳбари Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ба иштирокчиёни ҳамоиш бо сухани ифтитоҳӣ муроҷиат намуда, дар бораи тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар мамлакати мо нақл хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии ҳамоиш баррасии нақши занони роҳбари асри 21 дар татбиқи ислоҳоти иҷтимоию сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ, таъмини Ҳадафҳои рушди устувор, ҳуқуқҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва шаҳрвандии занон, инчунин коркарди пешниҳодҳо ва тавсияҳои илмию амалӣ дар асоси таҷрибаи мусбати кишварҳои узви СҲШ дар соҳаҳои дар боло зикршуда мебошад.

Диққати махсус ба масъалаи нақши занони роҳбар ва ҷавонон дар роҳандозии дипломатияи фарҳангӣ ва мардумӣ дода мешавад. Аз ҷумла, нақши СҲШ дар ҷаҳон, саҳми созмон дар рушди иҷтимоӣ, нақши занон ва ҷавонон дар роҳандозии дипломатияи мардумӣ ва фарҳангӣ ва дар муносибатҳои байнидавлатӣ баррасӣ хоҳад шуд.

                                                     Аксҳо аз АМИТ«Ховар»

Апрель 6, 2021 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ