ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Хуҷанд дар доираи корҳои ободонӣ 140 бех ниҳоли нодири магнолия шинонида шуд
ХУҶАНД, 03.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, инчунин соҳибкорону сокинони маҳаллаи Сирдарё дар хиёбони Раҳим Ҷалили шаҳр ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид. Зимни он дар шоҳроҳи хиёбони мазкур беш аз 140 бех ниҳолҳои 6-метраи нодири навъи магнолия шинонида шуданд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти масъулини хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, дар вилояти Суғд ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардидааст, ки дар доираи он корҳои ободонӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани маҳалҳо бомаром идома дорад. Сокинони касбу кори гуногун дар корҳои бунёдкорӣ якдилона иштирок доранд. Хосатан, вусъати ин маъракаи муҳим дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд бештар ба назар мерасад.
Дар ояндаи наздик хиёбони Раҳим Ҷалили маркази вилоят бо назардошти талаботи замони муосир ба яке аз гулгаштҳои намунавӣ дар шаҳр мубаддал гардида, марҳила ба марҳила ба ҳусни тамоми хиёбонҳои шаҳр бо чунин усул шукӯҳ бахшида мешавад.

Ба таъкиди мутахассисони соҳа, дарахти магнолия ба гурӯҳи дарахтони баланди ороишӣ мансуб буда, он аз худ бӯйи муаттари лимӯ хориҷ менамояд. Магнолия зиёда аз 70 намуд дошта, бо тоҷи васеи пирамида метавонад аз 8 то 20 метр қад кашад. Вобаста аз гуногунӣ гулҳои ин дарахт метавонанд сафед, гулобӣ, арғувон, сурх шаванд ва он ба фасли зимистон тобовар мебошад.
Хотиррасон бояд кард, ки чанде пеш дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дар шоҳроҳи Хуҷанд — Ғафуров 60 бех, дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр 20 бех ва дар майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят даҳ бех дарахтони нодири шашметраи магнолия шинонида шуданд.
Маъракаи сабзазоркуниву ободонӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ густариш ёфта, дар кӯчаву хиёбонҳо, мавзеъҳои истироҳативу сайёҳӣ ва назди ташкилоту идораҳо шинонидани гулу ниҳолҳои ороишӣ бомаром ҷараён доранд.


АКСҲО аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд






