Донишгоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба довталабон аз рӯи зинаи магистратура бурсияҳои таҳсилӣ пешниҳод менамояд

Апрель 2, 2021 11:16

ДУШАНБЕ, 02.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад, ки Донишгоҳи халқии Ренмини Ҷумҳурии Мардумии Чин барои соли таҳсили 2021-2022 аз рӯи зинаи магистратура дар барномаи баъдии дипломии англисии “Роҳи абрешим – Су ҷов” бурсияҳои таҳсилӣ пешниҳод  кардааст.

Қабули бақайдгирӣ то 20 апрели соли 2021 муайян шуда, довталабон метавонанд ба суроғаи  шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47 муроҷиат намоянд.

Ҳуҷҷатҳои лозима:

  1. Ариза (дар шакли электронӣ хонапурӣ карда мешавад);
  2. Шиносномаи хориҷӣ;
  3. Диплом бо тарҷумаи забони англисӣ ё чинӣ аз тарафи нотариус тасдиқ карда шуда;
  4. Маълумотномаи тиббӣ (намунаи маълумотномаро метавонед аз сомонаи расмии барнома ё Маркази барномаҳои байналмилалӣ дастрас намоед);
  5. Ҳолнома (резюме ё CV бо забони англисӣ);
  6. Тавсифнома бо забони англисӣ ё чинӣ;
  7. Сертификатҳои малакаи забондонии IELTS 6, TOEFL 90 ё эквиваленти ба он баробар;
  8. Маълумотнома оид ба доғи судӣ надоштан бо тарҷумаи забони англисӣ ё чинӣ аз тарафи нотариус тасдиқ карда шуда;
  9. Кафолатнома (намунаи маълумотномаро метавонед аз сомонаи расмии барнома ё Маркази барномаҳои байналмилалӣ дастрас намоед).
  10. Депозити бонкӣ бо нишондиҳандаи 30 ҳазор юан.

Довталабонро зарур аст, ки дар вебсайти srs.ruc.edu.cn худро ба қайд гирифта, ҳуҷҷатҳои лозимаро дар шакли электронӣ бо формати PDF дар саҳифаҳои шахсии худ гузоранд. Инчунин ҳаққи хизматрасонӣ ва ба қайдгирӣ 800 юан муқаррар гардидааст.

Телефон барои маълумот: 2-23-23-59

АКС: аз аз манбаъҳои боз

Апрель 2, 2021 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд