Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2022 муаррифӣ гардид

Апрель 26, 2021 14:40

ДУШАНБЕ, 26.01.2021 /АМИТ«Ховар»/. Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ  муаррифӣ гардид. Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ашӯрбой Солеҳзода зикр намуд, ки  ҳадафи дурнамои мазкур иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъсиси ҷойҳои кории нав, омода намудани кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй, инчунин беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ мебошад.

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушд қарор дорад, аз ин рӯ бояд ба ҷанбаҳои сифатии рушд, яъне на танҳо ба афзоиши рақами нишондиҳандаҳо, балки ба таркиби сифатии он ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 диққат махсус дода шавад.

Дар ҷаласа  аз ҷониби намояндагони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дурнамои нишондиҳандаҳои соҳаҳои иҷтимоии ҷумҳурӣ, аз ҷумла меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 муаррифӣ гардиданд.

Апрель 26, 2021 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд