Душанбе мизбони конфронси 4-уми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим мегардад

Апрель 21, 2021 11:01

ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар назар аст, ки моҳи июл дар Душанбе конфронси 4-уми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим гузаронида шавад.  

Корҳои омодагӣ ба баргузории ин конфронс зимни мулоқоти Раиси  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо менеҷери минтақавии ҳамоҳангсози лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои он дар ҳавзаи баҳри Арал» (CAMP4ASB) Ирина Бекмирзаева дар  Душанбе баррасӣ гардид.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни вохӯрӣ мусоҳибон инчунин масъалаҳои амалишавии лоиҳаи CAMP4ASB дар Тоҷикистон, вазъи ба анҷом расидани корҳо оид ба насби 7 истгоҳи автоматикии обу ҳаворо матраҳ намуданд.

Баҳодур Шерализода оид ба корҳои анҷомдодашуда дар доираи лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои он дар ҳавзаи баҳри Арал» ибрози назар намуда, таваҷҷуҳи намояндагони лоиҳаро ба амалӣ намудани чорабиниҳои нақшавӣ дар доираи ваколатҳои худ ҷалб намуд.

Мулоқот дар фазои якдигарфаҳмӣ сурат гирифта, мусоҳибон вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба мувофиқа расиданд.

   АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ.

Апрель 21, 2021 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд