ФУТБОЛ. «Истиқлол» бозӣ дар Лигаи чемпионҳоро бо гирифтани имтиёз оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 15 апрел чемпиони бисёркаратаи Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар нахустин ҳунарнамоиаш дар Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 бар зидди яке аз пурқувватарин дастаҳои Осиё — «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» рақобаташро бо натиҷаи мусовии 0:0 хотима дод. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи байналмилалии шоҳ Фаҳди шаҳри Риёз хеле ҷолиб доир шуда, бо натиҷаи 0:0 хотима ёфт. Дар чунин мусобиқа ва бо чунин дастаи қавӣ мусовӣ намудан кори осон нест. Дар ин дидор дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе тамоми кӯшишу талошашро ба харҷ дода, то аз беҳтарин дастаи АМА имтиёз ситонад.
Хотиррасон мекунем, ки бозии дигари гурӯҳи «А» байни дастаҳои футболи «Ал-Ҳилол» -Арабистони Саудӣ ва АГМК-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт. Акнун дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе 18 апрел дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии ЛЧ бо дастаи футболи АГМК-и Ӯзбекистон вомехӯрад.
Лигаи чемпионҳои КФО-2021
Гурӯҳи «А». Даври 1-ум
«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:0
«Истиқлол»: Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммаҳон Раҳимов (Ваҳдат Ҳанонов, 84), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доган, Манучеҳр Ҳалилов (Рустам Соиров, 64).
«Ал-Ҳилол» (А. Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон) – 2:2
Лигаи чемпионҳои АFC-2021
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»
«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)
«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)
«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)
АГМК (Ӯзбекистон).
Даври 1-ум
15-уми апрел (панҷшанбе)
«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон)-2:2
«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)-0:0
Даври 2-юм
18-уми апрел (якшанбе)
АГМК (Ӯзбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)
«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)
Даври 3-юм
21-уми апрел (чоршанбе)
АГМК (Ӯзбекистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)
«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)
Даври 4-ум
24-уми апрел (шанбе)
«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – АГМК (Ӯзбекистон)
«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)
Даври 5-ум
27-уми апрел (сешанбе)
АГМК (Ӯзбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)
«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)
Даври 6-ум
30-юми апрел (ҷумъа)
«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)
«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – АГМК (Ӯзбекистон)








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






