«Хуҷаста бод Истиқлол!». Таҳти чунин унвон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мешавад

Апрель 1, 2021 09:06

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 9 апрел дар саросари мамлакат таҳти унвони «Хуҷаста бод Истиқлол!» Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Фестивали мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Фестивал 2 апрел дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, китобхонаҳои бачагонаи вилоятӣ ва китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, китобхона — филиал ва китобхонаҳои мактабӣ таҳти унвони «Хуҷаста бод Истиқлол!» ба таври тантанавӣ оғоз меёбад.

Директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки  дар доираи фестивал озмунҳои гуногун, аз қабили озмуни «Тараннумгари Ватан» (шеър, достон ва оҳангҳо дар васфи Ватан), Озмуни беҳтарин иншо дар мавзӯи «Ватан- биҳишти бебаҳост», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон» ва «Ҳанарманд ҳарҷо бувад сарфароз» гузаронида мешаванд. Дар доираи фестивал инчунин  вохӯрии хонандагон бо адибон, суҳбатҳои «мизи гирд» ва муаррифии китобҳои нав дар назар аст.

Мавсуф иброз намуд, ки «зиёда аз 11 сол мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии китоби бачагона, ки 2 апрел таҷлил мешавад,    Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад. Ҳадафи асосии баргузории фестивал-ин ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад».

Фестивали имсола ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзи Аҷам, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, инчунин ҷашну зодрӯзи адибону олимон ва таълифи китобҳои тозанашре, ки солҳои 2020 — 2021 интишор ёфтаанд, бахшида мешавад.

Дар ҷараёни баргузории фестивал таваҷҷуҳи мақомоти дахлдори давлатӣ, аҳли ҷомеа, бахусус падару модарон, омӯзгорону мураббиён, олимону адибон ва китобдорон ба мушкилоти раванди хониши кӯдакону наврасон, эҳтиёҷоти китобхонаҳои бачагона ва мактабии мамлакат, фароҳамоварии шароити боз ҳам мусоид барои мутолиаи китоб ва ҳаллу фасли масъалаҳои табъу нашри китоб барои кӯдакону наврасон ҷалб хоҳад шуд.

Ҳамчунин барои муайян намудани ғолибони озмунҳо ва иштирокчиёни фаъоли фестивал дар назди ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ҳайати ҳакамон таъйин мегарданд. Созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъоли фестивал, китобдорон, адибону олимон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони воситаҳои  ахбори омма, муассисаву ташкилот, шахсони алоҳида аз ҷониби Кумитаи тадорукот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мукофотҳои пулӣ, туҳфаҳо, инчунин ифтихорномаю нишонҳои сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар аз 2 то 9 апрел намоиш-фурӯши китобҳои бачагона аз ҷониби нашриёти ватанӣ пешниҳод мегардад. Ҳар сокини пойтахт ва меҳмонон метавонанд аз ин макон китобҳо, маҷалла ва рӯзномаҳои кӯдакона  дастрас намояд.

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод Истиқлол!» 9 апрел дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки китобдорон, фаъолон, ғолибони озмунҳо, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф ва воситаҳои ахбори омма бо намоиши идона ҷамъбаст мегардад.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Апрель 1, 2021 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ
Дар Тоҷикистон охири моҳи январ ҷашни Сада таҷлил мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Моҳи апрел дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад