«Истиқлол» бозии охирини гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиёро бо дастаи АГМК-и Ӯзбекистон мегузаронад
ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 23:50-и шаб чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» бар муқобили дастаи футболи АГМК-и Ӯзбекистон рақобат мекунад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Аз ин пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» аз АМА-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда буд. Рақобати ин дастаҳо тезу тунд сурат гирифта, рақиб ҷониби дарвозаи мо ҳамлаҳои хатарнок равона мекард ва дарвозабони бомаҳорати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Рустам Ятимов ба ҳамаи зарбаҳои рақиб монеа мешуд. Сабқат ба нуқтаи ниҳоии худ наздик шуда, довар ба бозӣ 5 дақиқа илова намуд. Бозингарони тоҷик бо ёрии капитани даста Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 90+6 гол ба нишон расонида, дили тамоми мухлисон ва мардуми тоҷикро шод намуданд.
Акнун баъди ин пирӯзӣ арабҳо бори дигар боварӣ ҳосил карданд, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар ҳақиқат ба ин рақобат омодагии ҷиддӣ дидааст. Ҳамин тавр, дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баъди 5 даври рақобатҳо бо касби 10 холи тиллоӣ дар зинаи аввали гурӯҳи «А» қарор дорад.
Бозии дигари гурӯҳи мазкур байни ду даста- «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ва АГМК-и Ӯзбекистон бо натиҷаи 3:0 ба суди мизбони ин мусобиқа поён ёфт. Ҳамин тавр, ҳунарнамоӣ барои дастаи АГМК-и Ӯзбекистон ва дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» дар ин мусобиқаи бузург хотима ёфт.
Лигаи чемпионҳои КФО-2021
Гурӯҳи «А»
Даври 5-ум
«Шабоб Ал-Аҳлӣ» (АМА) — «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 0:1
Гол: Алишер Ҷалилов, 90+7.
Лигаи чемпионҳои Осиё-2021
Гурӯҳи «А». 4-ум давр
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 4:1
Голҳо: Бафетимби Гомис, 24 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 39 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 44 (2:1). Манучеҳр Сафаров, 49 (3:1). Манучеҳр Сафаров, 52 (4:1).
Беҳтарин бозингари дидор: Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»).
24 апрел. Риёз. Варзишгоҳи шоҳзода Файсал ибни Фаҳд.
«Шабоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – АГМК (Ӯзбекистон) – 3:1
Лигаи чемпионҳои Осиё (даври 3-юм)
«Ал-Ҳилол» -«Истиқлол» 3:1 (1:1)
Голҳо: Булайҳӣ ’39, Ҳаннонов ’41, Баҳебрӣ ’52,’64
Лигаи чемпионҳои Осиё-2021
Гурӯҳи «А». 2-юм давр
АГМК (Ӯзбекистон) – «Истиқлол»-и Тоҷикистон – 2:3
Голҳо: Йован Ҷокич, 45+1 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (0:2). Зафар Полвонов, 57 (1:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (1:3). Зафар Полвонов, 90+1 (2:3).
«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ханонов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Аҳтам Назаров, 90+3), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов.
Беҳтарин бозингар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).
18 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Фаҳд.
«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:2
Лигаи чемпионҳои КФО-2021
Гурӯҳи «А». Даври 1-ум
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:0
«Ал-Ҳилол» (А. Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон) – 2:2
| Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | ||
| 1 | «Истиқлол» (Тоҷикистон) | 5 | 3 | 1 | 1 | 9-6 | 10 |
| 2 | «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) | 5 | 3 | 1 | 1 | 11-7 | 10 |
| 3 | «Шабоб Ал-Аҳлӣ» (АМА) | 5 | 1 | 1 | 3 | 4-5 | 4 |
| 4 | АГМК (Ӯзбекистон) | 5 | 1 | 1 | 3 | 7-9 | 4 |
АКСҲО аз ФФТ








Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд






