«Истиқлол» дар бозии сеюм аз дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ шикаст хӯрд
ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 21 ба 22 апрел бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ баргузор шуд. Вохӯрии ин дастаҳо дар варзишгоҳи «МРСООЛ Парк»- и шаҳри Риёз сурат гирифта, бо ҳисоби 3:1 бар суди мизбонон ба анҷом расид.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар қисми аввали бозӣ футболбозони дастаи «Ал-Ҳилол» афзалиятро ба даст гирифта, дар дақиқаи 39-ум бо голи задаи дифоъгар Алӣ Ал- Булайхӣ пешгом шуданд. Аммо ин шодии онҳо дер давом накард, зеро бо гузаштани 2 дақиқа аз ирсоли головари Манучеҳр Ҷалилов истифода бурда, дифоъгари 20- солаи дастаи футболи «Истиқлол» — Ваҳдат Ҳаннонов таносуби бозиро баробар кард ва бо ҳамин натиҷа дастаҳо ба танаффус баромаданд. Қисми дуюми бозӣ барои шогирдони мутахассиси бразилӣ — Рогерио бобарор оғоз шуд. Дар дақиқаи 52- юми бозӣ ниммуҳофизатгари даста Ҳаттан Баҳебрӣ хати дарвозаи Рустам Ятимовро рахна кард. Бо сипарӣ шудани 12 дақиқаи дигар Ҳаттан Баҳебрӣ голи дуюмашро ба дарвозаи Рустам Ятимов ба нишон расонида, натиҷаро 3:1 ба фоидаи дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ кард. Ҳарчанд футболбозони дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе кӯшиши зиёд карданд, ки ба задани гол даст ёбанд, вале натавонистанд.
Дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ду пирӯзӣ ва як мусовӣ дар ҷадвали гурӯҳи А бо касби 7 имтиёз садрнишин мебошад. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо як мусовӣ, як пирӯзӣ ва як бохт бо доштани 4 имтиёз дар зинаи 2- юми ҷадвал ҷой гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе сабқати навбатиашро 25 апрел боз ба муқобили дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ доир мекунад.
Лигаи чемпионҳои Осиё (даври 3-юм)
«Ал-Ҳилол» -«Истиқлол» 3:1 (1:1)
Голҳо: Булайҳӣ ’39, Ҳаннонов ’41, Баҳебрӣ ’52,’64
Аз ин пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии дуюмаш бар дастаи АГМК-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 ғалаба карда, пирӯзии аввалин ва таърихиашро дар Лигаи чемпионҳои Осиё ҷашн гирифт. Голҳоро аз ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов ба ҳадаф расониданд. Як голи дигарро легионери сербиягии дастаи АГМК Йован Ҷокич ба дарвозаи дастааш зад.
Қаблан дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бо ҳисоби мусовии 0:0 бозӣ карда буд. Дар бозии дигари даври дуюми гурӯҳи «А» дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бар дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.
Лигаи чемпионҳои Осиё-2021
Гурӯҳи «А». 2-юм давр
АГМК (Ӯзбекистон) – «Истиқлол»-и Тоҷикистон – 2:3
Голҳо: Йован Ҷокич, 45+1 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (0:2). Зафар Полвонов, 57 (1:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (1:3). Зафар Полвонов, 90+1 (2:3).
«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ханонов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Аҳтам Назаров, 90+3), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов.
Беҳтарин бозингар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).
18 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Фаҳд.
«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:2
Лигаи чемпионҳои КФО-2021
Гурӯҳи «А». Даври 1-ум
«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:0
«Истиқлол»: Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммаҳон Раҳимов (Ваҳдат Ҳанонов, 84), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доган, Манучеҳр Ҳалилов (Рустам Соиров, 64).
«Ал-Ҳилол» (А. Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон) – 2:2
| ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | |
| 1 | «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) | 3 | 2 | 1 | 0 | 7-3 | 7 |
| 2 | «Истиқлол» (Тоҷикистон) | 3 | 1 | 1 | 1 | 4-5 | 4 |
| 3 | АГМК (Ӯзбекистон) | 2 | 0 | 1 | 1 | 4-5 | 1 |
| 4 | «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) | 2 | 0 | 1 | 1 | 0-2 | 1 |
АКС аз ФФТ








Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд
Паралимпичиёни тоҷик бо 22 медал дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг байни 25 давлат дар зинаи дуюм қарор гирифтанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолияти пурсамар намуданд
ФУТБОЛ. 5 феврал қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад
Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг 22 медал ба даст оварданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол бо ҳамтоёнаш аз Ҳиндустон бозии дӯстона анҷом дод
Шаҳром Самиев фаъолияташро дар бошгоҳи футболи «Ал-Карма»-и Ироқ идома медиҳад






