Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия мегардад
ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Дар робита ба ин бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи корӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, минтақаи Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе баррасӣ гардида, шакли таҳияшудаи лоиҳаи Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Ҷуҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
Инчунин масъалаҳои ворид намудани объектҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ ба лоиҳаи Кадастри давлатии захираҳои сайёҳӣ, ки дар ҳудудҳои марзӣ ҷойгир шудаанд, ворид намудани ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда, иншооти саноатӣ (стратегӣ), муайян намудани тартиб ва талаботи махсус ба Низомномаи Кадастри давлатии захираҳои сайёҳӣ, танзими объектҳои мансубияташон хусусӣ ва муайян намудани тартиби таъмини истифодаи мақсадноки захираҳои сайёҳӣ ва ҳифзу нигоҳдории онҳо, арзёбии маълумоти ҷамъоваришуда, дигар мушкилот ва муаммоҳои ҷойдошта дар таҳияи санади мазкур баррасӣ шуданд.
Мақсади асосии таҳияи Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии маълумоти боэътимод оид ба ҷойгиршавӣ, ҳолат ва истифодаи объектҳои сайёҳӣ аз ҷиҳати табиӣ, ҳуқуқӣ ва хоҷагидорӣ, инчунин танзиму истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои таърихию фарҳангӣ ва табиию фароғатӣ мебошад.
Таҳияи Кадастри давлатии захираҳои сайёҳӣ дар таҳрири нав на танҳо ба самаранок истифода гардидани иншооти сайёҳӣ аз лиҳози иқтисодӣ имконият медиҳад, балки маълумоти ҷамъоваригардида чун манбаи асосии боэътимод дар таҳияи санадҳои соҳавӣ, татбиқи лоиҳаҳои рушд, таҳияи хатсайрҳои сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ба мавзеъҳои сайёҳӣ ҳамчун роҳнамои боэътимод хизмат расонида, танзим, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои нодири таърихию фарҳангӣ ва табииро таъмин менамояд.
АКСҲО аз Кумитаи рушди сайёҳӣ








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






