Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов дар Чемпионати Осиё-Океания соҳиби медали биринҷӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 09.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Чемпионати Осиё-Океания дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ду паҳлавони маъруфи тоҷик-Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100кг ба сабқатҳо шурӯъ карданд. Комроншоҳ барои соҳиб шудан ба медали биринҷӣ варзишгари чинӣ — Бу Ҳебилигиро мағлуб намуда, сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён рӯзи сеюми мусобиқа дар даври аввал бо паҳлавони туркман — Шатлик Тораев қувва санҷид. Дар ин дидор Комроншоҳ Устопириён бо гирифтани ду «ваза-ари» ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Дар даври дуюм Устопириён бо Бозбаев Ислом Қазоқистон набард кард. Дар ин сабқат Комроншоҳ Устопириён комёб шуда, ба даври ½—финал роҳ ёфт. Ҳамин тавр дар даври ½- ниҳоӣ Комроншоҳ бо ду карат барандаи нишони тиллои «Тоскулоҳи бузург»- варзишгари японӣ Сёитиро Мукай рақобат намуда, аз ӯ шикаст хӯрд. Баъдан Комроншоҳ барои соҳиб шудан ба медали биринҷӣ бо Бу Ҳебилиги чинӣ мубориза бурда, ғолиб омад ва зинаи сеюмро соҳиб гардид.
Ҳамчунин паҳлавони дигари тоҷик Темур Раҳимов дар даври аввали рақобатҳо варзишгари кишвари Ҳиндустон — Карам Бирро мағлуб кард. Дар даври ¼-ниҳоӣ Темур Раҳимов бар варзишгари мизбон Юрий Краковетский дастболо шуда, ба даври ½-ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври нимфинал Темур бо варзишгари японӣ Хисаёши Харасаваи рақобат намуда, дучори нокомӣ шуд. Барои ба даст овардани медали биринҷӣ Темур Раҳимов бар варзишгари қазоқ Ерасили Кажибаев ғолиб омада, соҳиби медалӣ биринҷӣ гардид.
Инчунин дар рӯзи сеюми Чемпионати Осиё-Океания се паҳлавони шинохтаи тоҷик- Ҷаҳонгир Маҷидов-90кг, Мансур Раҳмон -100кг ва Хуршед Маҷидов +100кг ба рақобатҳо шурӯъ карданд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввал аз намояндаи Ӯзбекистон Давлат Бобомов ноком гашт. Мансур Раҳмон низ дар даври аввал аз намояндаи Австралия — Кайхан Озчичека-Такаги дучори бохт шуда, аз идомаи бозиҳо маҳрум монд. Хуршед Маҷидов низ дар даври нахуст аз Алишер Юсупови ӯзбек мағлуб шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё-Океания паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73кг бар се ҳарифаш ғолиб омада, дар финал аз қаҳрамони Doha Masters 2021, намояндаи кишвари Кореяи Ҷанубӣ – Ан Чангрим шикаст хӯрд ва сазовори медали нуқра гардид. Ҳамчунин дар рӯзи дуюми мусобиқа рақобатҳои паҳлавонони дигари тоҷик- Ҳақназар Назаров ва Акмал Муродов, ҳарду дар вазни -81 кг доир шуданд. Ҳақназар Назаров, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бо ҳарифаш аз Кореяи Ҷанубӣ — Мун Ҷин Ли қувва санҷид. Дар ин майдондорӣ варзишгари мо бо усули «ваза-ари» шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд. Варзишгари дигари ин вазн Акмал Муродов рақобатро аз марҳилаи дуюм бар муқобили Халил Ребаҳии қатарӣ оғоз кард. Дар ин дидор Акмал Муродов комёб шуда, ба даври навбатӣ роҳ пайдо кард. Дар даври навбатӣ Акмал Муродов аз паҳлавони эронитабори Муғулистон — Саид Муллаӣ мағлуб гардид ва аз идомаи рақобатҳои Чемпионати Осиё-Океания маҳрум шуд.
Аксҳо аз сомонаи Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад
Алифбек Беромов барномаи байналмилалии ФИФА-ро дар Ҷакарта муваффақона хатм кард
Иштирокчиёни Ҷоми Осиё-2026 оид ба футбол байни дастаҳои то 17-сола дар Арабистони Саудӣ маълум шуданд
Дастаи «Рахш»-и Восеъ ғолиби қисми ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши арзишҳои олимпӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Дубай иштирок мекунад
Дар «Tokyo Grand Slam 2025» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон шаш паҳлавон иштирок менамояд
Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam» сазовори ду медал гардиданд
Дар шоҳроҳи ноҳияи Данғара мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ баргузор гардид
Сармураббиёни дастаҳои миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мураббиёни ФФТ ҳисобот доданд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд
Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 958 медал ба даст оварданд






