Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад

Апрель 29, 2021 13:38

ДУШАНБЕ, 29.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. 29 апрели соли 2021, соати 10:45, зимни муноқишаи сокинони  маҳаллаҳои Сомониёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кок-Тоши Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз камони шикорӣ тир холӣ карда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  — Амаков Оқил Юнусович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфараро аз пешониаш захмдор карданд. Номбурда  ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол дода шуд ва вазъи саломатиаш вазнин арзёбӣ мегардад.         

Ҳамчунин худи ҳамин рӯз, соати 11:30, бар асари тирпаронии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадов Саттор Қодирович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз дасту пояш  ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ гардид.

Муноқишаи мазкур 28  апрели соли 2021, соати 16:00 дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар натиҷаи амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ва сангпартоии онҳо ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон сар зад. Аз сангҳои партофтаи онҳо 7 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Бояд тазаккур дод, ки дар байни шаҳрвандони Қирғизистон хизматчиёни воҳиди таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ ҳузур доштанд.

       Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ ҶТ

Апрель 29, 2021 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд