Минтақаҳои Россия, ки бо Тоҷикистон тиҷорати фаъол доранд, номбар шуданд

Апрель 14, 2021 12:58

ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Намояндаи тиҷоратии Россия дар ҷумҳурӣ Евгений Коренков зимни мусоҳиба бо «Спутник» — и Тоҷикистон дар бораи чӣ гуна рушд ёфтани муносибатҳои тиҷоратӣ байни минтақаҳои Россия ва Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Номбурда зикр кард, ки маҳз ҳамкории байниминтақавӣ як ҷузъи муҳим ва таркибии шарикии стратегии Россия ва Тоҷикистон мебошад.

Масалан, соли 2020 65 субъекти Россия бо Тоҷикистон тиҷорат доштанд. Гузашта аз ин, 77% ҳаҷми умумии муомилоти тиҷорати хориҷӣ ба  12 минтақа рост меояд.

«Дар ҷамъбасти соли 2020 вилояти Свердловск ва шаҳрҳои федералии Москва ва Санкт-Петербург пешсаф буданд», — афзуд  Коренков.

Доираи ҳамкорӣ аз рӯи соҳаҳо хеле васеъ буд: аз саноат то IT-технологияҳо.

Намояндаи тиҷоратии Россия илова кард, ки кишоварзӣ яке аз самтҳои калидии ҳамкорӣ боқӣ мемонад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2020 Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҳангоми мулоқот бо роҳбари Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко дар Москва имконоти ҳамкории минтақавиро муҳокима карда буданд. Рустами Эмомалӣ ҳамкориро дар сатҳи минтақаҳо платформаи муҳим номид.

«Бояд зикр кард, ки тамоюли афзоиши муомилоти мол байни кишварҳо бештар ба густариши иртибототи  минтақавӣ вобастагӣ дорад», — илова карда буд раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

Матвиенко зикр кард, ки дар самти робитаҳои байниминтақавӣ муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон «начандон бад» рушд мекунанд ва дар сатҳи парлумонӣ дастгирӣ карда мешаванд.

Роҳбари Шӯрои Федератсия ҳамчунин иброз дошт, ки татбиқи созишномаҳоро бояд комиссияи махсуси байнипарлумонӣ бисанҷад ва ҳамкории мушаххас ва амалиро ташвиқ кунад.

                                                АКС аз манбаҳои озод

Апрель 14, 2021 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард