Минтақаҳои Россия, ки бо Тоҷикистон тиҷорати фаъол доранд, номбар шуданд
ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи тиҷоратии Россия дар ҷумҳурӣ Евгений Коренков зимни мусоҳиба бо «Спутник» — и Тоҷикистон дар бораи чӣ гуна рушд ёфтани муносибатҳои тиҷоратӣ байни минтақаҳои Россия ва Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Номбурда зикр кард, ки маҳз ҳамкории байниминтақавӣ як ҷузъи муҳим ва таркибии шарикии стратегии Россия ва Тоҷикистон мебошад.
Масалан, соли 2020 65 субъекти Россия бо Тоҷикистон тиҷорат доштанд. Гузашта аз ин, 77% ҳаҷми умумии муомилоти тиҷорати хориҷӣ ба 12 минтақа рост меояд.
«Дар ҷамъбасти соли 2020 вилояти Свердловск ва шаҳрҳои федералии Москва ва Санкт-Петербург пешсаф буданд», — афзуд Коренков.
Доираи ҳамкорӣ аз рӯи соҳаҳо хеле васеъ буд: аз саноат то IT-технологияҳо.
Намояндаи тиҷоратии Россия илова кард, ки кишоварзӣ яке аз самтҳои калидии ҳамкорӣ боқӣ мемонад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2020 Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҳангоми мулоқот бо роҳбари Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко дар Москва имконоти ҳамкории минтақавиро муҳокима карда буданд. Рустами Эмомалӣ ҳамкориро дар сатҳи минтақаҳо платформаи муҳим номид.
«Бояд зикр кард, ки тамоюли афзоиши муомилоти мол байни кишварҳо бештар ба густариши иртибототи минтақавӣ вобастагӣ дорад», — илова карда буд раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Матвиенко зикр кард, ки дар самти робитаҳои байниминтақавӣ муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон «начандон бад» рушд мекунанд ва дар сатҳи парлумонӣ дастгирӣ карда мешаванд.
Роҳбари Шӯрои Федератсия ҳамчунин иброз дошт, ки татбиқи созишномаҳоро бояд комиссияи махсуси байнипарлумонӣ бисанҷад ва ҳамкории мушаххас ва амалиро ташвиқ кунад.
АКС аз манбаҳои озод








Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд






