Муовини Вазири молияи Тоҷикистон бо муовини Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини Вазири молия Юсуф Маҷидӣ бо муовини Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадалии Фараҳнокиён доир гардид.
Дар ин бора аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаи вусъат бахшидани ҳамкории мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла пайгирии иҷрои қарорҳои ҷаласаи 13-уми Комиссияи муштараки байниҳукумати Тоҷикистон ва Эрон ва омодагӣ ба ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии мазкур мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҳарду ҷониб омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳои афзалиятнок баён доштанд.








Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад






