Муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин мулоқоти видеоӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел бо мақсади омодагӣ ба нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ – Чин мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар шакли видеоконференсия барпо шуд. Тоҷикистонро дар ин мулоқот муовини Вазири корҳои хориҷии мамлакат Музаффар Ҳусейнзода намояндагӣ кард.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо пиромуни раванди тадорукот ба баргузории вохӯрии навбатӣ табодули афкор намуда, пешнависи санадҳои барои муҳокима пешниҳодшударо мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






