МУТОЛИАИ КИТОБ ҒИЗОИ АҚЛ АСТ. Ба Рӯзи умумиҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллиф бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили Рӯзи байналмилалии китоб ва ҳуқуқи муаллиф беҳикмат нест. Зеро китоб дар сарнавишти инсон нақши бориз дорад. Китоб метавонад дар тарбияи инсони комил кори бисёр назаррас ва мондагоре анҷом бидиҳад. Зеро мутолиаи китоб ғизои ақл аст. Ин нуктаро нависандаи тоҷик Сироҷиддин Икромӣ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола 23 апрел Рӯзи байналмилалии китоб ва ҳуқуқи муаллиф таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин рӯз ба мавлуд ва фавти чунин нависандагони номвар, ба монанди Сервантес, Шекспир, Инка Гарсиласо де ла Вега, Морис Дрюон, X. Лакснесс, Владимир Набоков, Дж. Пла ва Мануэл Мехиа Валехо рост меояд. Ҳамчунин шурӯъ аз соли 1923 дар Каталонияи Испания дар ин рӯз тоҷирони китоб ба поси хотири Мигел Сервантес, Инка Гарсиласо де ла Вега ва Уилям Шекспир ярмаркаи китоб ташкил менамуданд. Дар ин шаҳр анъанаи дигар низ ҷорӣ буд- ҳар касе 23 апрел китоб мехарид, барояш як дона гули садбарг ҳам туҳфа мекарданд. Ва баъдан ЮНЕСКО ин анъанаро дар дастури кории худ қарор дод ва барномае бо номи «Китоб ва садбарг туҳфа намо» таҳия кард.
Сипас аз соли 1995 бо қарори ЮНЕСКО таҷлили Рӯзи байналмилалии китоб ва ҳуқуқи муаллиф дар садҳо давлати ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромад.
Бояд гуфт, муаллиф шахси воқеие мебошад, ки дар натиҷаи меҳнати эҷодии ӯ асар офарида шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи муаллифро ҳамчун объекти моликияти зеҳнӣ санадҳои меъёриву ҳуқуқии зиёде ҳифз мекунанд. Дар давлати мо аз соли 1998 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» қабул шудааст, ки танзими муносибатҳои муаллифон ва истифодабарандагони асарҳои онҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми истифодаи обьектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба онро ҳимоя менамояд.
Нобиғае гуфтааст: «Агар хоҳӣ латоифи он саргармат кунаду бихандонадат ва гар хоҳӣ, мавоъизи он туро андарз диҳад, китоб бихон. Китоб мӯнисест, ки аз нишоти ту нишот гирад ва бо хуфтани ту бихобад. Ҳамсояе накӯкортар, муошире накӯхисолтар, рафиқе мутеътар, муаллиме пурсармоятар, ёре лоиқтару аминтару судмандтар ва саргармкунандатар аз он наёбӣ».
Нависандаи тоҷик Сироҷиддин Икромӣ мегӯяд, ки «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашри китоб тамоми шароит муҳайёст. Агар дар замони Шӯравӣ дар як сол ҳамагӣ 800 номгӯй китоб ба нашр мерасид, ҳоло дар як сол ба беш аз 3 ҳазор номгӯй мерасад. Муҳим он ки барои нашр дигар монеа вуҷуд надорад ва сол то сол шумораи нашри китобҳо меафзояд. Имрӯз ду роҳи нашри китоб мавҷуд аст: яке нашри муаллифӣ, дуввум нашри ноширӣ».
Дар нашри муаллифӣ — нависанда ё муаллифи китоб асар менависад ва як нафар донандаи хуби адабиёт ё муҳаррир китобро таҳрир мекунад. Тарроҳии китоб аз ҷониби шахси дилхоҳи ӯ иҷро мегардад. Муаллиф дар дилхоҳ матбаа китобашро ба нашр мерасонад.
Дар нашри ноширӣ — дастхати муаллиф ё дастхати китоб ба нашриёт пешниҳод карда шуда, аз ҷониби муҳаррирон ва мусаҳҳеҳони нашриёт хонда шуда, бо тамғаи нашриёт чоп мегардад.
«Аммо набояд фаромӯш кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон (МД АМСБРСК-ХКТ) фаъолият мекунад ва ҳар муаллиф бояд ба ин макон муроҷиат намояд, рақами аслии стандарти байналмилалии китобро, ки он дар тамоми ҷаҳон роиҷ аст, дастрас намуда, китобашро ба нашр расонад. Ҳамчунин ҳар муаллиф бояд донад, ки китоби чопнамудаи ӯ тибқи се стандарт нашр мегардад: давлатӣ, байнидавлатӣ ва байналмилалӣ»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ҳимояи ҳуқуқи муаллифон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи он ва Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки муаллиф нафарест, ки қалам ба даст мегираду эҷод мекунад. Яъне фаъолияти ақлии худро ба кор мебарад, ки ин меҳнат ва заҳмати ӯ дониста мешавад. Аз ин рӯ давлат ба уҳда гирифтааст, ки ҳуқуқи муаллифонро ҳимоя ва ҳаққи қаламашонро пардохт намояд.
Имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки дар рӯзнома ё сомонаҳои интернетӣ баъзе нафарон навишта ё андешаи дигар муаллифро ба номи худ интишор медиҳанд, ки ин поймол намудани ҳуқуқи нависанда ё дуздист. Дар ин раванд инсоният ба хулосае омад, ки бояд ҳаққи муаллиф маҳфуз нигоҳ дошта шавад, яъне ҳуқуқи ӯро ягон каси дигар поймол карда натавонад.
Ёвари раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Акбари Абдулло иброз намуд, ки «пешгирии ҳодисаҳои поймол шудани ҳуқуқи муаллифон аз худи онҳо вобаста аст. Чунки онҳо ҳуқуқи худро ҳимоя карда наметавонанд ва ё роҳҳои ҳимояро намедонанд. Барои муаллифон имрӯзҳо ниҳодҳои махсусе амал мекунанд, ки вазифаи онҳо ҳимояи ҳуқуқи муаллифон мебошад».
Тавре мегӯянд, барои худшиносӣ китоб зарур аст ва барои шинохти дигарон ҳам китоб муҳимтар менамояд. Миллати бекитоб ба одами нобино монанд аст, ки ҳусни дунёро дарк намекунад.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Малакаи котибони озмун барои кор бо портали электронӣ такмил дода мешавад






