Қоҳир Расулзода ва Абдулло Арипов ҷараёни омодагии сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел ҳайати коршиносон аз ҷумлаи намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои баррасӣ ва таҳияи масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ, коммуникатсионӣ, обӣ-энергетикӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ба Душанбе ташриф овард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, натиҷаҳои кори коршиносон зимни мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов, ки 24 апрел дар шаҳри Хуҷанддар назар аст, пешниҳод мегарданд.
Сарвазирони ду кишвар инчунин ҷараёни омодагиҳо ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки нимаи аввали моҳи июни соли равон баргузор мешавад, баррасӣ мекунанд.
Аз ҷумла, масъалаҳои фарогирандаи мундариҷаи барномаи чорабинии дарпешистода дар сатҳи олӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки ҳангоми сафари сарвари Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, баррасӣ карда мешаванд.








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






