Рустам Ҳайдаров пешниҳод намуд, ки Маркази саломатии СҲШ чун механизми мубориза бо пандемияи коронавирус таъсис дода шавад
ДУШАНБЕ, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи арзёбиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба иқтисоди ҷаҳонӣ тӯлонӣ хоҳад буд, ки ин ба андешидани тадбирҳои зарурии таъхирнопазир ҷиҳати вокуниши муносиби муштарак бо онҳо водор месозад.
Дар мақолаи «Эмомалӣ Раҳмон — яке аз меъморони Созмони ҳамкории Шанхай», ки дирӯз, 22 апрел дар сомонаи АМИТ «Ховар» нашр шуд, доктори илмҳои фалсафа, муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Рустам Ҳайдаров таъсиси Маркази саломатии СҲШ-ро ҳамчун механизми ҳалли мушкилоте, ки онро пандемияи коронавирус ба амал меорад, пешниҳод мекунад.
Ӯ тавзеҳ медиҳад, ки ҳадафи асосии марказ бояд ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои тандурустии кишварҳои узви СҲШ, табодули таҷриба ва дониш, таҳияи алгоритмҳои ягонаи табобат дар давраи пандемия, истеҳсоли маҳсулот барои расонидани кумаки аввалини тиббию санитарӣ, дастрасӣ ба доруҳо ва захираҳо дар шароити пандемия бошад.
СҲШ бояд тамоми маҳсулоти тиббиро дошта бошад, то ин ки объекти найрангбозии неруҳои гуногуни байналмилалӣ нагардад. «Коронавирус аз мушкилоти тиббӣ ба осебпазирии сиёсии ҷаҳонӣ табдил ёфт ва тамоми маҷмӯи мушкилоти муносибатҳои байналмилалиро аён намуд. Аммо дар давраи пандемияи коронавирус маҳз кишварҳои СҲШ, алалхусус Россия ва Чин ҳамраъйӣ нишон дода, ба ҳама кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон ёрии ҳадди аксари тиббӣ расонданд. Аз ин рӯ, ба системаи тандурустӣ дар фазои СҲШ бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад ва ин система ҳамчун унсури асосии амнияти миллӣ дарк карда шавад », — менависад Рустам Ҳайдаров.
Барои тасдиқи гуфтаҳои худ ӯ суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ 10 ноябри соли 2020 изҳор доштанд, иқтибос меорад: «Дар пасманзари пандемияи коронавирус мо имрӯз бо таҳдидҳои нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудаем. Ба иқтисоди миллии кишварҳо, аз ҷумла ба Тоҷикистон зарари қобили мулоҳиза расонида мешавад. Пандемия омили афзоиши тунди бекорӣ, монеи маҷрои сармоягузорӣ ва рушди тиҷорат гардид. Баъзе кишварҳо метавонанд ба таҳдидҳои амнияти озуқаворӣ рӯ ба рӯ шаванд».
АКС аз АМИТ «Ховар»