Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»

Ноябрь 6, 2024 12:10

ДУШАНБЕ, 06.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Корҳои фаҳмондадиҳию маърифатӣ, шарҳу тафсири илмию оммавии меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо бо иштироки олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мутахассисон ва дар ин замина ташкилу баргузор намудани барномаҳои махсус тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монда шаванд.  Аз ин лиҳоз, ба омўзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад». Ин матлабро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.

Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар давлати ҳуқуқбунёд масъалаи меҳварии ҷомеа мебошад ва аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа бояд амалӣ карда шавад.

«Мо соли 2024-ро ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудем, зеро ҷавҳари маърифати ҳуқуқиро риояи меъёрҳои Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ташкил медиҳанд»,- афзуданд Сарвари давлат.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар навбати худ, дар бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар нақши калидӣ дорад.  Тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ба Конститутсия, риояву иҷрои қонунҳо ва таъмин намудани волоияти қонун низ аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии Соли маърифати ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат иброз намуданд, ки дар баробари ин, ҳадафи асосии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба он равона шудааст, ки эътирофу эҳтиром, риоя ва иҷрои қонун ба ҳукми одату анъана табдил ёбад.  Зеро тавре равандҳои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозанд, танҳо ҷомеае ба пешрафту тараққиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва қонунҳо бечунучаро риоя ва иҷро шуда, волоияти қонун ҳамчун арзиши муҳимми давлати ҳуқуқбунёд таъмин гардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 6, 2024 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд