ТАНБАШАВИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ ДАР РОҲҲО. Шарҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус

Октябрь 22, 2024 13:12

ДУШАНБЕ, 22.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Чанд соли охир аст, ки танбашавии воситаҳои нақлиёт дар марказҳои маъмурии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва махсусан дар шаҳри Душанбе дар вақтҳои муайяни субҳу шом, ҳангоми ба кору таҳсил рафтану омадан, шаҳрвандонро ба мушкилӣ дучор месозад. Танбашавии мошинҳо монеаи сари вақт ба дарсу кор ҳозир шудани кормандону донишҷўён гардидааст. Масъулин дар ин хусус чӣ назар доранд? АМИТ «Ховар» шарҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мавзуъ манзур менамояд.

Тибқи иттилои манбаъ, яке аз сабабҳои асосии тамбашавӣ ва роҳбандӣ афзудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар ҷумҳурӣ мебошад. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 марти соли 2024 дар ҷумҳурӣ расман 666 074 воситаи нақлиёт — сабукрав, боркаш, мусофирбар ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоле, ки даҳ сол пеш, соли 2014, ин рақам ба 389 ҳазор адад баробар буд. Аз ҷумла, айни замон дар Тоҷикистон 587074 мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав мавҷуд буд.

Мавриди ёдоварист, ки шумораи аҳолии мамлакат аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид. (Аз рӯи афзоиши аҳолӣ дар 30 соли охир Тоҷикистон дар байни кишварҳои пасошӯравӣ ҷои аввалро ишғол кард). Яъне агар дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат теъдоди аҳолӣ беш аз ду баробар зиёд шуда бошад, шумораи мошинҳои сабукрав низ ба ҳамин миқдор афзудааст.

Барои беҳдошти вазъият Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёт, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе дар асоси созишнома бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (Сохтмони роҳи автомобилгарди дусатҳа дар чорроҳаи Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ пайваст ба кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Душанбе») бо маблағи беш аз 28 миллион евро эстакада – роҳи дусатҳа сохта мешавад. Ҳадафи татбиқи лоиҳаи мазкур — баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути ин минтақаҳо, паст намудани ҳолатҳои танбашавӣ, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо дар ҳудуди пойтахт мебошад.

Тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, дар мамлакат роҳу пулҳои нав, аз ҷумла эстакадаҳо (роҳҳои чандқабата) бунёд гашта, роҳу пулҳои мавҷуда навсозӣ ва васеъ карда мешаванд. Шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ бештар мегардад.

Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳоро зери муоинаи қатъӣ қарор додаанд, бо ин мақсад дар роҳҳо дурбинҳо (камераҳо) насб карда шудаанд.

Вале ҳанӯз мушкилот пурра ҳалли худро наёфтааст.

Танбашавӣ бо сабабҳои дигар низ ба вуҷуд меояд:

1. Корҳои таъмиру сохтмон. Айни замон тадбирҳои бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмон, таъмиру таҷдиди роҳҳо дар саросари ҷумҳурӣ вусъат ёфтаанд, ки яке аз ҳадафҳои он барҳам додани танбашавӣ дар роҳҳо мебошад.

2. Ҳолатҳои ғайричашмдошт дар роҳ. Ба ҳам бархӯрдани воситаҳои нақлиёт, бо сабабе аз кор мондани муҳаррики автомобил, бад шудани вазъи саломатии ронанда ё мусофир, миёнбур кардани роҳ аз тарафи пиёдагардон дар ҷойҳои манъшуда ва ғайра.

3. Муваққатан манъ будани ҳаракат аз тариқи ин ё он роҳ ё фаъол набудани чароғаки роҳ (светофор). Дар чунин ҳолатҳо, ки бинобар далелҳои айнӣ ба амал меоянд, вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қаблан сокинон, аз ҷумла ронандагону мусофирон ва пиёдагардонро огоҳ месозанд.

4. Асабонияти ронандагон. Ин ҳолат дар натиҷаи сабабҳои дигари дар боло номбаршуда ба амал меояд. Ронандагон саросема мешаванд, ба якдигар беист, норозиёна ва ҳатто бо алфози қабеҳ садо мекунанд, ҳуқуқи иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳро нодида мегиранд, қоидаҳои ҳаракатро дағалона вайрон карда, боиси садамаҳои нақлиётӣ мегарданд.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 539 садамаи нақлиётӣ (дар нимсолаи аввали соли 2023 – 492 садама) рух додааст. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 236 нафар ҳалок ва 570 нафар захмӣ шуданд.

Аз соли 2020 то соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон 4364 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 1692 нафар ҳалок гашта, 4776 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Натиҷаҳои таҳлили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки аксари садамаҳои нақлиётӣ бо сабабҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла баланд будани суръати ҳаракат (75%), нақзи қоидаҳои тағйири хати ҳаракат дар роҳ (45%), рондани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, набастани камарбанди бехатарӣ, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ ҳангоми рондани мошин ва ғайра ба амал меоянд.

Тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи вазъи бехатарии ҳаракат дар роҳ, ки соли 2023 нашр шудааст, ҳамасола дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ дар ҷаҳон тақрибан 1,3 миллион нафар ҷони худро аз даст дода, 50 миллион нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун мегиранд. Тибқи ин омор, дар ҷаҳон дар ҳар 24 сония як нафар ва дар як рӯз бошад зиёда аз 3500 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат мерасанд.

Бо назардошти ин, Маҷмаи Умумии СММ бо ҳадафи кам кардани фавт ва ҷароҳат дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ, бо судури қатъномае солҳои 2021-2030-ро «Даҳсолаи амал барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ» эълон кардааст.

Дар байни омилҳои афзоиши садамаҳои нақлиётӣ дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон, омили инсонӣ мавқеи аз ҳама асосиро ишғол мекунад, аз ҷумла фарҳанги пасти ронандагӣ, рафтори ношоями ронандагон ва пиёдагардон дар кӯчаҳо ва роҳҳо. Имрӯз тақрибан 80% садамаҳои нақлиётӣ бо айби худи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба амал меоянд.

Ҳар як иштирокчии ҳаракат дар роҳ бояд дар хотир дошта бошад, ки тартибот дар роҳ, пеш аз ҳама, аз рафтору амали шахсии ӯ оғоз меёбад. Яъне ӯ на танҳо ҳуқуқ дорад, балки уҳдадор низ мебошад.

Дар боби 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» аз 17 майи соли 2018, таҳти № 1533, чунин омадааст:

Моддаи 11. Ҳуқуқҳои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ

Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ҳуқуқ доранд:

бо шароити бехатар ва самараноки ҳаракат дар роҳ таъмин карда шаванд;

оид ба шароити бехатари ҳаракат дар роҳ, сабабҳои ҷорӣ намудани маҳдудият ё қатъ кардани ҳаракат дар роҳ, вазн ва суръати ҳаракати иҷозатдодашуда, кор ва хизматрасонӣ вобаста ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ аз мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ки танзим ва идораи давлатиро дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва таъмини бехатарии онро иҷро менамоянд, маълумот ба даст оранд;

бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба амали (беамалии) кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ шикоят намоянд;

аз роҳҳо бемамониат истифода баранд, агар мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.

аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.

Моддаи 12. Уҳдадориҳои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ

Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ уҳдадоранд:

талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳаракат дар роҳро риоя намоянд;

барои ҳаракат дар роҳ шароити бехатар муҳайё кунанд, бо амали (беамалии) худ ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ монеа эҷод накунанд ё зарар нарасонанд;

зарари расондашударо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намоянд.

Яке аз роҳҳои асосии ҳалли масъалаи пешгирии танбашавӣ ва садамаҳои нақлиётӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ тарғибу ривоҷ додан ва ба роҳ мондани муносибатҳои эҳтиромона байни ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ (ронандагони ҳама гуна воситаҳои нақлиёт, мусофирон, пиёдагардон) ва риояи бечунучарои қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби ронандагон ва пиёдагардон мебошад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 22, 2024 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад