Президенти Тоҷикистон: «Ҳама гуна масъалаҳои баҳсбарангез, низоъ ва ихтилофҳоро метавон бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намуд»
ДУШАНБЕ, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муттаҳидсозии кӯшишҳо барои таъмини сулҳи пойдор, амну субот ва рушди устувор беш аз ҳарвақта зарур аст. Итминон дорам, ки пешниҳоди мо дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули қатъномаи махсус – «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди тарафдории ҳамаҷониба қарор хоҳад гирифт. Тоҷикистон пайваста ҷонибдори густариши ҳамкорӣ бо тамоми шарикони байналмилалӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳо — равандҳои хатарангези сиёсӣ, терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, тундгароӣ, киберҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, инчунин дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ мебошад. Ин матлаб зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии «БРИКС+» ва «БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар» 24 октябр дар шаҳри Қазон баён гардид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро ба масъалаҳои мубрам ва воқеияти кунунии вазъи байналмилалӣ ҷалб намуда, иброз доштанд, ки давлати мо дар доираи «Раванди Душанбе» дар самти мубориза бо терроризм ва маблағгузории он ҳамкории бисёрҷониба ба роҳ мондааст.
Аз рушди бениҳоят хавфноки вазъ дар Ховари Миёна ва авҷ гирифтани низоъҳо, ки боиси талафоти зиёд дар байни аҳолии осоишта гардидааст, изҳори нигаронӣ карда шуд.
Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки ҳама гуна масъалаҳои баҳсбарангез, низоъ ва ихтилофҳоро метавон бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намуд.
Сарвари давлати мо таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба мушкилоти дигар- тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои фоҷеабори офатҳои табиӣ ҷалб намуда, ёдовар шуданд, ки ки моҳи майи соли 2025 Тоҷикистон тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифтааст ва аз сарони давлатҳо даъват карданд, ки дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ иштирок намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






