Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»
ДУШАНБЕ, 06.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «сӣ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид».
Ҳамчунин Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард. Давоми 30 соли амали Конститутсия мамлакати мо роҳи ниҳоят душворро тай намуд ва мардуми тоҷик барои расидан ба ин рӯзҳои босаодат ва дастоварду муваффақият масири бағоят сахту сангинро сипарӣ карданд».
Дар ҷараёни суханронӣ Пешвои миллат афзуданд, ки «маҳз истиқлоли давлатӣ ҳамчун арзишмандтарину муқаддастарин неъмати зиндагии халқи Тоҷикистон ба қабули Конститутсияи соли 1994 замина гузошт. Конститутсияи Тоҷикистон анъанаҳои давлату давлатдории тоҷиконро инъикос карда, ҳамчунин кўшишу талошҳои фарзандони огоҳи миллати тоҷикро дар роҳи расидан ба истиқлолу озодӣ ва давлатдории миллӣ амалӣ гардонид».
«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои таҳкими давлатдории муосири мо заминаи устувор гузоштанд. Ин ва дигар арзишҳои Конститутсия боиси аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эътироф шудани Конститутсияи Тоҷикистон гардид»,- изҳор намуданд Сарвари давлат.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






