«КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии ин санади сарнавишсоз конференсияи илмию амалӣ доир шуд

Ноябрь 1, 2024 17:45

ДУШАНБЕ, 01.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ таҳти унвони «Конститутсия-бахтномаи миллат»  конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Зимни ҳамоиш муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода иброз дошт, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ 6 ноябри соли 1994 бо дастгирию талош ва иродаи устувори халқи тоҷик санади тақдирсоз — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Бори аввал дар сатҳи Конститутсия эътироф шудани забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ имкон дод, ки арзишҳои миллию фарҳангии миллати тоҷик эмин нигоҳ дошта шуда, барои эҳёи дубораи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Иброз гардид, ки дар заминаи Конститутсия забони тоҷикӣ дар мамлакат рушд ёфта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз соли 2009 дар таҳрири нав қабул шуд, ки вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ ва истифодаи онро дар мамлакат танзим менамояд. Инчунин мақоми махсуси ваколатдор дар ин соҳа — Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Иброз гардид, ки дар идоракунии давлатӣ заминаи ҳуқуқии забони давлатӣ баъди қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Мавқеи забони давлатӣ дар моддаи 2-и Конститутсия мустаҳкам карда шудааст. «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Назир Азимзода иброз дошт, ки «имсол ба шарофати 30-солагии Конститутсия дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Он барои азхуд намудани донишҳои ҳуқуқӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва дигар қонунгузории амалкунандаи мамлакат аз ҷониби шаҳрвандон ва дар раванди эъмори давлати ҳуқуқбунёд саҳм гузоштани онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад».

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи давлатҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Арзишҳои гуфташуда собит менамоянд, ки дар таърихи инсоният онҳо аз арзишҳо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд.

Иштирокдорон доир ба таърихи ташаккул ва мазмуну моҳияти Конститутсия ва нақши он дар ташкили низоми мақомоти давлатӣ ва рушди идоракунии давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд ва мақому манзалати забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуданд.

Ҳамзамон иштирокдорони ҳамоиш нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушду ташаккули давлати соҳибистиқлоли мо муҳим арзёбӣ намуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 1, 2024 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Нақши занон дар муқовимат ба коррупсия» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар рӯзҳои барфу боронӣ эҳтиёткор бошед!»
Ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон баргузор шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Фаъолияти ҳокимияти судӣ ба таъмини қонуният ва адолати иҷтимоӣ равона шудааст»
Дар Душанбе бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Президенти Тоҷикистон аз риоя нагардидани муҳлати баррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳо изҳори нигаронӣ намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Судяҳо бояд ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа диҳанд»
Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон назаррас аст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон барномаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ доир шуданд
«ХАЙРХОҲӢ ШАРАФ АСТ — ВОЛОНТЁР МЕШАВЕМ!». 5 декабр Рӯзи байналмилалии волонтёрон аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?