Паҳлавонони маъруфи тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Kazan Grand Slam 2021» иштирок мекунанд

Апрель 30, 2021 08:40

ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5-7 май дар шаҳри Қазони Россия Мусобиқаи байналмилалӣ  оид ба дзюдо «Kazan Grand Slam 2021» баргузор  мегардад. Ҷумҳурии  Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ варзишгари шинохтаи  тоҷик  Шаҳбоз Саидаброров, Абумуслим Қаюмзода (ҳарду дар вазни то 60 кг), Баҳром Сӯфиев, Алиҷон Сафаралиев (ҳарду дар вазни то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков (то 73 кг), Акмал Муродов (то 81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг) намояндагӣ хоҳанд кард.

Дар ин бора  шореҳи варзиши ТВ «Варзиш» Каримхон Бекматов  ба  хабарнигори АМИТ «Ховар»  Меҳрони Қурбон   хабар дод.

Инчунин дар мусобиқаи «Kazan Grand Slam 2021» иштироки 459 нафар варзишгарон (279 мард ва 180 зан) аз 90 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Хотиррасон мешавем, ки варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ низ хоҳанд шуд. Барои мақоми аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дуюм 700 имтиёз ва барои ҷойҳои сеюм 500 имтиёз дода мешавад.

«Kazan Grand Slam 2021»  охирин мусобиқаи Grand Slam пеш аз бозиҳои Олимпии Токио-2021 мебошад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар «Kazan Grand Slam 2021»  чунин аст:

  1. Шаҳбоз Саидаброров -60кг
  2. Абумуслим Қаюмзода -60кг
  3. Баҳром Сӯфиев -66кг
  4. Алиҷон Сафаралиев -66кг
  5. Сомон Маҳмадбеков -73кг
  6. Акмал Муродов -81кг
  7. Комроншоҳи Устопириён -90кг
Апрель 30, 2021 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд