Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дабири кулли СААД ва ҳамчунин намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Арманистон дар назди СААД-ро ба ҳузур пазируфтанд.
Ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои вазирони мудофиа нахустин чорабиниест, ки дар давраи раёсати кунунии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин тадбирро ҳамчун яке аз марҳилаҳои муҳими омодагӣ ба иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмон арзёбӣ карданд.
Таҳия ва тасдиқи заминаи меъёрӣ, ташкили нерӯҳои дастаҷамъӣ, гурӯҳҳои минтақавии қӯшунҳо, нерӯҳои посдори сулҳ ва мақомоти фармондеҳии онҳо аз вазифаҳои асосии Шӯрои вазирони мудофиаи Созмон арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории давлатҳои аъзо дар самти сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амнияти минтақа, вазъи Афғонистони ҳамсоя ва мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар мисоли пандемияи COVID-19, мо дидем, ки бо паҳншавии босуръати бемориҳои гуногуни сироятӣ дар ҷаҳон ба амнияти мо чӣ таҳдид мекунад.
Аз ин рӯ, зарур шумурда шуд, ки бо дарназардошти мавқеи ҷонибҳо ҷиҳати таҳияи масъалаи ташкили механизми таъмини амнияти биологии кишварҳои аъзои СААД чораҳои мушаххас амалӣ гардад.









Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд






