Роҳбарияти хоҷагии «Боғи Сомон» ба 150 нафар ниёзманд кумак расониданд
ТУРСУНЗОДА, 17.04.201 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии моддӣ ва расонидани кумакҳои хайриявӣ ба ниёзмандону ятимон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» дар моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи имондориву тақво ва хайру эҳсон ба ҳисоб меравад, ба 150 нафар кормандони шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Турсунзода кумаки моддӣ, аз қабили орд ва равған расонида шуд.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ барои меҳнати софдилона ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр изҳори миннатдорӣ намуд.
Кормандони ин муассиса изҳор намуданд, ки хушбахтона, таҳти сиёсати хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар арафаи ҷашнҳои миллӣ соҳибкорони бонангу номуси шаҳри Турсунзода ба ниёзмандон кумак мерасонанд. Аз ҷумла, роҳбарияти хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» дар амалӣ намудани сиёсати хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






