Роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақшаҳои ҳамкории пасобуҳрониро матраҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар самти мубодилаи иттиллоот, ташкили хатсайрҳои муштарак ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар тақвият медиҳанд.
Чунин зикр гардид дар вохӯрии маҷозӣ, ки бо иштироки роҳбарони ассотсиатсия ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон доир гардид.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сайёҳӣ ва имтиёзҳои соҳавӣ сухан намуд. Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ зарфияти сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тариқи роликҳои иттилоотӣ муаррифӣ гардид.
Вохӯрии ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар шакли маҷозӣ дар заминаи мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон гузаронида шуда, дар он роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақшаҳои ҳамкории пасобуҳрониро матраҳ намуданд.
АКС аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад






