Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зистро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба истифода дод
ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар доираи сафари корӣ аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан намуд. Бо иштироки Сарвазири мамлакат бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур, ки ҳамчун иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Масоҳати умумии бино 400 м3 -ро ташкил медиҳад. Бино аз 3 ошёна, 5 утоқи корӣ, 2 утоқи истироҳатӣ ва 1 адад толори хурд барои баргузории маҷлисҳои бахш иборат мебошад.
Фармоишгари бинои маъмурӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ ҶДММ “Дилафрӯз” мебошад.
Зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ аз 15 то 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Атрофи бинои мазкур чароғон ва ободу зебо гардонида шуда, гулу буттаҳо ва ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.
Баъд аз ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар хоҷагии деҳқонии «Раҳмат-3»-и Ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба кишти пахта оғоз намуд. Майдони умумии ин хочагии деҳқонӣ 13 гектарро дар бар гирифта, дар 10 гектари он чигит кишт карда мешавад. Дар 2 гектар гандум кишт шуда, дар 1 гектари дигараш маҳсулоти полезӣ кишт шудааст, ки нашъу намояш хуб мебошад.
Майдони заминҳои корами ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 15 508 гектарро дар бар мегирад, ки аз ин дар майдони 8100 гектар кишти чигит дар назар аст. Дар айни замон дар майдони 6600 гектар пунбадона кишт шудааст.










Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди иқтисоди рақамӣ баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Бо ҷалби волонтёрон дар пойтахт ҳашарҳои экологӣ гузаронида мешаванд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Қубодиён 171 иншоот бунёд карда мешавад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳоти шаҳри Турсунзода иншооти иҷтимоиву варзишӣ ва роҳи маҳаллӣ мавриди истифода қарор дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон биноҳои нави иловагии таълимӣ бунёд карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб пули нави мошингузар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Бо саҳми соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Қубодиён муассисаи томактабӣ бунёд гардид






