Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 830 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуд

Апрель 17, 2021 12:15

ДУШАНБЕ, 17.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 830 ҳазор афзоиш ёфта, аз 140,54 миллион гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти имрӯзаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 12:00 (ба вақти Душанбе)-и 17 апрел, ба СУТ дар бораи 140 549 390 сироятшуда ва 3 012 683 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 830 052 нафар ва фавтидагон 12 514 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 32 305 912. Баъд аз он Ҳиндустон (14 526 609), Бразилия (13 834 342), Франсия (5 224 321), Россия (4 684 148), Британияи Кабир (4 383 572), Туркия (4 150 039), Италия (3 842 079), Испания (3 407 283), Германия (3 116 950), Полша (2 660 088) ва Аргентина (2 658 628) қарор доранд.

 

АКС аз ТАСС

Апрель 17, 2021 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон