Шералӣ Кабир дар намоишгоҳи Тошканд сармоягузоронро ба Тоҷикистон даъват намуд
ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар/. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ», ки 5-7 апрел дар Тошканд доир гардид, иштирок карда, дар ҷаласаи асосии стратегии намоишгоҳ -«Тавлидоти ҷаҳонии саноатӣ дар ҷустуҷӯи барномаи идораи афзоиш» сухан гуфт. Дар ин хусус Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Шералӣ Кабир зикр намуд, ки дар Тоҷикистон дар бахши иқтисод дигаргунӣ эҳсос мешавад, чунки бештари аҳолии ҷумҳуриро ҷавонон ташкил дода, бинобар ин, истифодаи чунин иқтидори инсонӣ барои рушди иқтисод аз ҷониби ҳукумати мамлакат бисёр муҳим арзёбӣ мегардад. Вазир инчунин доир ба шароиту имконияти мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар ҳарф зада, сармоягузоронро ба Тоҷикистон даъват намуд.
Дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ» ширкатҳои саноатӣ ва ҳайатҳои тиҷоратӣ аз Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, Франсия, Германия, Чехия, Япония, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти соҳаи мошинсозии нақлиётӣ ва энергетикӣ, технологияҳои иттилоотии саноатӣ, техникаи тиббӣ ва дорусозӣ, металлургия, пластмасса ва каучук ба намоиш гузошта шуданд.
Акс аз Вазорати саноат ва технологиҳои нави ҷумҳурӣ.








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






