Сулаймон Султонзода ва Валериу Кивер оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия суҳбат намуданд

Апрель 20, 2021 09:15

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел мулоқоти директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Сулаймон Султонзода бо роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе Валериу Кивер баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ доираи васеи ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо бо мақсади тақвияти ҳамкории минбаъда дар самти муқовимат ба коррупсия муколамаи судманд доир намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба рушди бемайлони робитаҳои судманд изҳори умедворӣ карда шуд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Апрель 20, 2021 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»