«Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии шаҳри Кӯлоб намоиш доир шуд

Апрель 6, 2021 11:12

ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Аз 6 то 30 апрел бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» намоиш доир мегардад.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, имрӯз зимни оғози намоишгоҳ конфронси илмӣ баргузор гардид, ки дар он директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб Ҳотам Асозода, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдусалом Мирализода, ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Ниёзи Акбар, инчунин намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ҲХДТ дар минтақаи Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Намоиши мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо муассисаҳои олии касбӣ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Дар намоиш аз хазинаи тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон асарҳо аз эҷодиёти рассомони машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон: З.Ҳабибуллоев, Х.Хушвахтов, В.Боборикин, Г.Кузмин, З.Довудов, И.Волинский, Ю.Талдигин, Я.Мамадкулов, М.Сафарова ба намоиш гузошта шудаанд. Ҳамзамон дар намоиш офаридаҳои рассомони ҷавони Тоҷикистон, ба монанди С. Ҷурахонов, Қ. Шарипов, С. Шарипов, К. Файзов пешниҳоди тамошобинон гардидаанд.

Дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои табиати диёр: дарёҳо, кӯлҳо, чашмасорон наққошӣ шуда, сарзамини моро ҳамчун диёри сарчашмаи обҳои мусаффо муаррифӣ менамоянд.

Аксҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 6, 2021 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад