«Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии шаҳри Кӯлоб намоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 30 апрел бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» намоиш доир мегардад.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, имрӯз зимни оғози намоишгоҳ конфронси илмӣ баргузор гардид, ки дар он директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб Ҳотам Асозода, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдусалом Мирализода, ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Ниёзи Акбар, инчунин намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ҲХДТ дар минтақаи Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Намоиши мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо муассисаҳои олии касбӣ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Дар намоиш аз хазинаи тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон асарҳо аз эҷодиёти рассомони машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон: З.Ҳабибуллоев, Х.Хушвахтов, В.Боборикин, Г.Кузмин, З.Довудов, И.Волинский, Ю.Талдигин, Я.Мамадкулов, М.Сафарова ба намоиш гузошта шудаанд. Ҳамзамон дар намоиш офаридаҳои рассомони ҷавони Тоҷикистон, ба монанди С. Ҷурахонов, Қ. Шарипов, С. Шарипов, К. Файзов пешниҳоди тамошобинон гардидаанд.
Дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои табиати диёр: дарёҳо, кӯлҳо, чашмасорон наққошӣ шуда, сарзамини моро ҳамчун диёри сарчашмаи обҳои мусаффо муаррифӣ менамоянд.
Аксҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






