«Тавсеаи имконоти сайёҳӣ — омили рушди устувор». Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир шуд

Апрель 9, 2021 11:49

ДУШАНБЕ, 09.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии имконоти сайёҳӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон ба пойтахти мамлакат таҳти унвони «Тавсеаи имконоти сайёҳӣ — омили рушди устувор»  ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар  доданд, ки дар ҳамоиш роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахассисони соҳа, коршиносон, намояндагони ширкатҳои сайёҳиву хизматрасонӣ, донишҷӯёну устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғоз иштирокчиён бо нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки таҷассумкунандаи таърихи пурғановати кишвар ва мавзеъҳои дилфиребу ҷолиби сайёҳии он мебошанд, шинос шуданд

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зимни ифтитоҳи ҳамоиши илмӣ-назариявӣ Паёми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштирокчиён расонид.

Мавсуф зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сайёҳиро яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ маънидод намудаанд.

Бо роҳнамоии Сарвари давлат таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи сайёҳӣ афзалият пайдо намуда, ташаббусҳои бунёдӣ гузошта шуданд. Бо ин мақсад дар кишвар соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар ҳошияи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тавсеаи сайёҳӣ дар пойтахт бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иқдомҳои назаррас роҳандозӣ гардидаанд, ки барои рушди соҳа заминаи созгор фароҳам овардаанд.

Дар ҷараёни ҳамоиш зикр шуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати  хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имконияти ғании шаҳри Душанбе ба рушди ҷанбаҳои гуногуни соҳаи сайёҳӣ ва бунёду беҳсозии инфрасохтори муосири соҳа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону ҷавонон ба касбомӯзӣ, муаррифии имконияти сайёҳӣ ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ мусоидат менамоянд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода имконоти фаровони ҷумҳурӣ, бахусус пойтахти он-шаҳри Душанберо дар рушди соҳаи сайёҳӣ барои иштирокдорони ҳамоиш арзёбӣ намуд.

Дар ҳамоиш Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ – омили муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати миллат дар арсаи ҷаҳон», номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллои Раҳнамо дар мавзӯи «Рушди  сайёҳӣ ва масъалаҳои таҳкими рӯҳияи ваҳдат ва ватандӯстии шаҳрвандон» ва дигарон маърӯзаи илмӣ намуданд.

Ба зикри иштирокдорон, шаҳри Душанбе бо доштани имконоти тавсеаёбандаи инфрасохтории соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мавқеи намоёнро соҳиб гардидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар пойтахт фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, вокзали нақлиётӣ, 37 меҳмонхона ва 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор ва 91 маркази савдо, 26 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 17 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ ва 7 театри касбӣ, 10 осорхонаву 6 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 37 мавзеи пойтахт, 1 Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ, коххои «Наврӯз», «Борбад», «Ваҳдат», «Суруш», 306 муассисаи табобатию профилактикӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза ба садҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз рӯйи талаботи онҳо хизматрасонӣ менамоянд.

Баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр маҳз дар шаҳри Душанбе қомат афрохта, дар китоби «Рекордҳои Гиннес» сабт шудаву имрӯз аз мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии сокинону меҳмонони пойтахт гардидааст.

Ҳамзамон дар пойтахт Кохи «Наврӯз», ки аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир буда, таҷассуми сабки хоси меъмории миллӣ ба шумор меравад, ҷойгир шудааст. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он таърихи беш аз 6000-солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос мекунанд ва он ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ эътироф шудааст.

Имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон -– шаҳри Душанбе узви  Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (ВО ОГМВ), узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, айни замон бо 18 шаҳрҳои Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва ИДМ  муносибатҳои дӯстона ва бародарона барқарор намудааст. Ҳамчунин  бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Россия ва Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.

Дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ва таваҷҷуҳу талошҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе дар самти сайёҳист, ки соли 2018 шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) шомил гардида, тибқи назарсанҷиҳои Агентии иттилоотии «Турстат»-и Федератсияи Россия шаҳри Душанбе ба Даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини кишварҳои аъзои ИДМ, Шаҳри муносиб дар айёми баҳор барои сайёҳӣ ва ба Даҳгонаи беҳтарин шаҳри саёҳат ва сафари шабона ворид гардидааст.

Инчунин 21 марти имсол дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  маросими ифтитоҳи расмии Пойтахти фарҳангии ИДМ-2021 эълон гардидани Душанбе  баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки бо ибтикору дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, роҳнамоиҳои Раиси шаҳр ва бо заҳмату саҳмгузории пайвастаи сокинони шарафманди пойтахт имрӯз Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат гардидааст, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғат табдил ёфтааст.

Дар фарҷоми ҳамоиш миёни маърӯзачиён ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»,

 Аксҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 9, 2021 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад